Аз 2 то 20-уми ноябри соли равон даври чоруми сабти номи довталабон барои дохил шудан ба донишгоҳу донишкадаҳои олии Тоҷикистон баргузор хоҳад гашт. Имтиҳоноти қабул 29-уми ноябр гузаронида шуда, натиҷаи онҳо рӯзи 3-юми декабр маълум мешавад.
Тавре муовини аввали роҳбари Маркази миллии тестӣ Абдулвосит Шодиниё зимни суҳбат бо журналистон гуфтааст, дар даври сеюми қабули довталабон ба донишкадаҳои олӣ дар маҷмуъ 18 ҳазору 643 нафар ширкат варзида, аз ин шумора 16 ҳазору 362 тан сазовори номи донишҷӯ гаштаанд ва 2 ҳазору 44 нафари дигар ҳуқуқи иштирок дар озмуни тақсимоти такрориро пайдо кардаанд.
“Натиҷаи имтиҳонот рӯзи 2-юми октябр ва натиҷаи ниҳоии имтиҳон рӯзи 4-уми октябр маълум шуд. Тибқи он 16 ҳазору 362 кас (11 ҳазору 488 нафар - синфи 11-ум ва 4 ҳазору 874 нафар - синфи 9-ум) ба коллеҷу макотиби олии Тоҷикистон дохил шуданд”,- гуфтааст Шодиниё ва афзудааст, ки шахсони дар даври сеюм муваффақшуда бояд то 7-уми октябр ҳуҷҷатҳои худро ба муассиаи олӣ пешниҳод намоянд. Дар акси ҳол, ҷойҳояшон дар тақсимоти такрорӣ ё давраи чоруми сабти номи довталабон пешниҳод карда мешавад. Дар тақсимоти такрорӣ шахсоне, ки дар давраи сеюми имтиҳонсупорӣ холҳои гузаришро ба даст овардаанд, ширкат варзида метавонанд. Натиҷаи тақсимот рӯзи 11-уми октябр маълум хоҳад шуд.
Дар маҷмуъ, дар натиҷаи тақсимоти давраи якум (асосӣ) ва дувуми имтиҳонсупорӣ дар Маркази миллии тестӣ (ММТ) ва тақсимоти такрориву иловагӣ 93 ҳазору 500 нафар сазовори номи донишҷӯ гаштаанд.