Arzon march 2024
ДАЪВОИ АРӮСҲО: ШӮ КАРДАН МЕХОҲЕМ!
2353

Зиёда аз 15 нафар арӯсшавандаҳо дар кишвари Италия, ки маросими тӯйи онҳо ба хотири авҷи бемории коронавирус ба вақти дигар гузаронда шуд, эътироз карданд. Арӯсшавандаҳо аз ҳукуматдорон талаб намуданд, то қарори манъ намудани маросими баргузории тӯйро, ки дар доираии авҷи коронавирус ҷорӣ гардида шуд, барҳам диҳанд.

Духтарон либоси арӯсӣ пӯшида, дар маркази шаҳри Рим гирд омаданд, то эътирози худро дар робита ба манъ шудани баргузории тӯйи арӯсӣ ба сатҳи болотари ҳукумат зикр кунанд. Ба сафи онҳо, инчунин кормандони ташкилотҳое, ки маъракаи арӯсиро анҷом медиҳанд. Қӯш шуданд. Корвони арӯсшавандаҳо бо либоси арӯсӣ то назди бинои парлумон роҳпаймоии эътирозӣ намуданд.

Онҳо бо шиору навиштаҷоти "Тӯйҳо бидуни маҳдудият", "Шумо издивоҷи моро қатъ кардед", "Дари калисо барои баргузории тӯйро бастед" қадам зада, дар назди бинои парлумон намоиши эътирозӣ доир карданд. Яке аз арӯсшавандаҳо дар суҳбат бо рӯзноманигорони итолиёвӣ изҳор доштааст:

"Ман эътироз мекунам, зеро мехоҳам издивоҷ кунам! Тӯйи ман то соли оянда мавқуф гузошта шуд, дар ҳоле, ки ман аллакай ҳама чизро бо рӯҳонӣ муҳокима карда будам. Аммо бо роҳбарияти тарабхона ва кошонаи ҳусн ба мувафиқа омада натавонистам".

Арӯсшавандаҳо аз он ҳарос доранд, ки домодҳо то ин муддат фикри худро дар бораи издивоҷ намудан бо онҳо дигар мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 12 – уми марти соли равон тӯй ва маросимҳои дафн, ки ба таври анъанавӣ дар Италия ҷашн гирифта мешуданд, бо баҳонаи паҳншавии эпидемияи коронавирус бекор шуда буданд.

Ин тадбир, ки аз ҷониби мунаққидони ҳукумат карантини умумимиллӣ гуфта мешавад, аз ҷониби сарвазири кишвар Ҷузеппе Конте қабул шуда буд. Ба истиснои дорухонаҳо ва муассисаҳои тандурустӣ фаъолияти ҳама гуна марказҳои савдо манъ шуда буданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД