Formula novemver 2024
Давлати Қатар муҳоҷирони тоҷикро бо кори мавсимӣ таъмин мекунад
772

Давлати Қатар омода аст муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро бо кори мавсимӣ таъмин намояд. Масъалаи сафарбарсозии муҳоҷирони меҳнатӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давлати Қатар рӯзи 10-уми декабр зимни мулоқоти масъулини Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон бо намояндагони Вазорати рушди идорӣ, меҳнат ва умури иҷтимоии Давлати Қатар мавриди муҳокима қарор гирифтааст.

Бино ба иттилои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ дар шабакаи телеграм, мулоқот дар Хадамоти муҳоҷират баргузор гашта, дар он Қиёмиддин Давлатзода, муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шарифзода Маҳмадсалим Пир, муовини якуми сардори Хадамоти муҳоҷират, ҳамчунин намояндагони МД “Агентии бокортаъминкунӣ ба хориҷа”, МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Душанбе ва суъбектҳои хоҷагидор ширкат доштанд.

Мулоқот бо намояндагони Вазорати рушди идорӣ, меҳнат ва умури иҷтимоии Давлати Қатар дар шакли маҷозӣ баргузор гашта, мақсад аз он бо ҷойи кори мавсимӣ таъмин намудани шаҳрвандони Тоҷикистон дар давлати Қатар буд.

Намояндагони Вазорати рушди идорӣ, меҳнат ва умури иҷтимоии Давлати Қатар изҳор доштаанд, ки тамоми шароитҳои зарурии кориро барои шаҳрвандони ҷумҳурӣ - мутахассисон фароҳам хоҳанд овард.

“Тибқи қонунҳои давлати Қатар ҳуқуқи коргаррон ҳамаҷониба ҳимоят карда мешавад ва дар назди кордеҳ ё корфармо масъулияти бештаре гузошта шудааст”,- омадааст дар хабар.

Дар рафти мулоқот зиёда аз 20 субъектҳои хоҷагидори Тоҷикистон, ки иҷозаи интиқоли қувваи корӣ ба хориҷи кишварро доранд, розигии худро барои ҳамкорӣ бо ширкатҳои давлати Қатар баён намуданд.

Тибқи Созишномаи Тоҷикистону Қатар теъдоди муҳоҷирон маҳдуд набуда, вобаста ба талаботи давлати Қатар муҳоҷирони меҳнатӣ ба ин кишвар сафарбар карда мешаванд.

Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба тартиби бақайдгирӣ, ҳуҷҷатгузорӣ, ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, шарту шароит ва будубоши онҳо, пешниҳоди дархостҳои расмӣ ва ҷойҳои кории холӣ аз ҷониби корфармоёнро мавриди муҳокима қарор доданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД