arzon replenishment
Давлат Болтаев барои тило ё нуқраи Бозиҳои олимпӣ мубориза мебарад
312

Аз Бозиҳои олимпии Париж-2024 як медали дигар ба хазинаи дастовардҳои кишвари мо зам шуд.

Давлат Болтаев, муштзани маъруфи тоҷик рақиби ирландии худ Ҷек Марлиро бо ҳисоби 4-1 шикаст дода, ба марҳилаи нимниҳоӣ роҳ ёфт ва ин ҳолат алакай имкони ба даст овардани медали биринҷӣ аст!

Дар даври нимниҳоӣ Давлат Болтаев бо Лазизбек Муллоҷонов аз Ӯзбекистон вориди чаҳоркунҷа мешавад ва барои медалҳои тилову нуқра сабқат мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Париж аз 14 варзишгари тоҷик 12 нафарашон рақобатҳои худро ба анҷом расониданд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон як медали биринҷӣ дорад, ки онро Сомон Маҳмадбеков бо шикаст додани варзишгари итолиёӣ Антонио Эспосито соҳиб шуд. Ӯ рӯзи 30-юми июл дар вазни то 81 кило ба майдон баромад.

Имрӯз охирин ҷудокори тоҷик Темур Раҳимов дар доираи рақобатҳо дар Бозиҳои Олимпии Париж-2024 қувваозмоии худро оғоз мекунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД