arzon replenishment
Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ дар Тоҷикистон
16.05.2025
Oila.tj
267

18-уми май, соати 07:30 дар тамоми шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор мегардад.

Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, чорабиниҳои оммавии варзишӣ бо иштироки васеи сокинони мамлакат, намояндагони сафоратхонаҳо, кормандони касбу кори гуногун, вазорату кумитаҳо, корхонаю муассиса ва ташкилоту идораҳо гузаронида мешаванд.

Дави миллӣ дар шаҳри Душанбе аз дидбонгоҳи Чорбоғ то Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ» доир мегардад.

Дави миллӣ дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми марти соли 2007 «Дар бораи Рӯзи дави миллӣ» ҳамасола дар ҷумҳурӣ якшанбеи сеюми моҳи май гузаронида мешавад. Мақсад аз баргузории мусобиқа таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он дар байни аҳолӣ мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД