Formula september
Дави миллӣ ба ифтихори Рӯзи Ваҳдат
1097
no-img

 

Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Норак Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор шуд.

Дар мусобиқа шаҳрвандони синну соли гуногун фаъолона иштирок намуданд.

Фирӯза Шарифӣ Раиси шаҳри Норак иштирокдорони мусобиқаи варзиширо бо ҷашни Ваҳдати миллӣ шодбош гуфта, иброз дошт, ки чунин чорабиниҳои оммавӣ дӯстиву рафоқатро таҳким бахшида, ба ташаккули тарзи ҳаёти солим замина мегузоранд.

Пас аз қисмати ифтитоҳии ҳамоиш иштирокчиёни Дави миллӣ дар шаҳри Норак дар чанд гурӯҳ сабқат карданд.
Ба ғолибони Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ барои иштироки фаъолона дар мусобиқа ва саҳм гузоштан дар оммавӣ шудани варзиш Диплому Сипоснома ва мукофотҳо супурда шуданд.

Имрӯзҳо ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки ҳамасола 27 июн дар саросари мамлакат бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад, дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат чорабиниҳои гуногуни тарбиявӣ, солимгардонӣ, фарҳангиву маърифатӣ ва корҳои ободонӣ гузаронида мешаванд. Баргузории Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ аз ҷумлаи чунин маъракаҳои ҷашнист, ки дар ҷумҳурӣ ба ҳукми анъана даромадааст.

Дар ин бора ҳукумати шаҳри Норак хабар додааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД