Имрӯз нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат пеш аз муҳлат пурра ба анҷом расид. Дар ин бора аз Вазорати мудофиаи мамлакат хабар доданд.
Бо ҳамин тартиб, аз 1-уми апрел то 22-юми майи соли 2024 нахуст Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, баъдан шаҳри Душанбе, вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Суғд нақшаи даъвати ҷавонписарон ба сафи Артишро 100 фоиз ва пеш аз муҳлат анҷом доданд.
Манбаъ гуфт, тибқи оморҳои мавҷуда, вобаста ба зиёд будани шумораи шаҳрвандони ихтиёрӣ, бахусус муроҷиати ҷавонписарони дорои маълумоти олӣ, ки хоҳиши шомил шудан ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳро доранд, даъвати имсолаи баҳории шаҳрвандон пештар аз муҳлат анҷом ёфт.