Даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ оғоз меёбад. Дирӯз фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1996-2005-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ” ба имзо расид.
“Хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардида хизмати ҳарбиро адо намудаанд, моҳҳои апрел-майи соли 2023 аз тамоми сохторҳои низомӣ ба эҳтиёт рухсат карда шаванд”-омадааст дар ин фармон.
Ҳамин тавр ҷавононе, ки то рӯзи даъват ба синни 18-солагӣ мерасанд, моҳҳои апрел-майи соли 2023 барои хизмат ба сохторҳои низомии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда мешаванд.
Раисони шаҳру ноҳияҳо, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор карда шудаанд, ки дар ҳамбастагӣ бо комиссариатҳои ҳарбӣ дар мавсими даъват фаъолона корбарӣ намоянд.