“Барелйеф ба хона шукӯҳи шоҳона мебахшад”-мегӯяд қаҳрамони мо
Бунёд Абдуллоеви 28-сола зодаи шаҳри Конибодоми вилояти Суғд буда, 8-сол мешавад, ки бо рассомӣ машғул аст. Мавсуф аз овони хурдсолӣ бо нозукиҳои ҳунари рассомӣ ошност, зеро падару амакаш рассом буда, зиёда аз 30-сол аст, ки дар мактаби деҳа аз фанни санъати тасвирӣ дарс медиҳанд.
Азбаски қаҳрамони мо ба ҳунари рассомӣ меҳру муҳаббати зиёд дошт, таҳсилашро аз рӯйи ихтисоси манзаранависи дастгоҳии факултаи санъати Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд идома дод.
"Аз вақте ки худамро мешиносам, дар хонаамон ҳамеша рангу мӯйқалам буд, зеро падараму амакам рассомӣ мекарданд. Ман аз хурдӣ назди онҳо истода, кам-кам нозукиҳои ин пешаро меомӯхтам. Шавқу завқи зиёд, ки доштам, падарам маро барои боз ҳам хубтар аз худ кардани ин ҳунар ба мактаби бачагонаи рассомӣ гузоштанд. Дар вақтҳои фориғ аз дарс даррав коғаз ва мӯйқаламу ранг гирифта, ҳамроҳи падарам ба тасвири манзараҳо мепардохтам. Пас аз хатми мактаби миёна таҳсиламро дар факултаи санъати Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд идома додам,"-қисса мекунад ин ҳунарманди ҷавон.
Бунёд бештари асарҳояшро дар жанри "натюрморт" ва "пейзаж" омода мекунад. Ӯ барои тасвири манзараҳои Тоҷикистон ба шаҳру ноҳия ва гӯшаҳои гуногуни кишвар сафар намуда, зебоиҳои нотакрори табиати Ватанро рӯйи коғаз меорад. Дар баробари тасвири манзараҳои Тоҷикистон вай ҳамчунин мавзеъҳои таърихии кишварҳои Аврупоро низ тасвир мекунад. Ин рассоми ҷавон кӯшиш мекунад, ки дар офаридаҳои худ урфу одат, анъанаҳои миллӣ ва ёдгориҳои таърихиро таҷассум намояд.
Қаҳрамони мо имрӯзҳо бештар аз рӯйи жанри барелйеф кор мекунад. Барелйеф як навъи жанри рассомӣ буда, бисёртар дар ороишу пардози биноҳо истифода мешавад.
Бунёд Абдуллоев то имрӯз дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон даҳҳо барелйеф офаридааст. Рассоми ҷавон мегӯяд, солҳои охир миёни ҷомеа талабот ба ин навъи санъат афзудааст.
"Мо дар барелйефҳо манзараҳои табиат, воқеаҳои таърихӣ, қасру кӯшк, мева ва гулҳои гуногун меофарем. Солҳои охир дар қасрҳои фарҳангӣ, тарабхона ва хонаҳои истиқоматӣ тасвири барелйеф ба ҳукми анъана даромадааст. Барелйеф рамзи зебоӣ буда ба хона шукӯҳу шаҳомати хосае мебахшад,"-мегӯяд қаҳрамони мо.
Бунёд Абдуллоев то имрӯз дар озмунҳои зиёди вилоятиву ҷумҳуриявӣ ширкат варзидааст. Мавсуф бо пешниҳоди беҳтарин асарҳо, хоса манзараҳои зебои кишвар дар чандин озмунҳо ғолибият ба даст овардааст. Ӯ дар даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии "Тоҷикистон Ватани азизи ман" сазовори ҷойи дуввум гашта, бо диплом ва мукофоти пулӣ қадрдонӣ шудааст.
"Соли 2019 дар озмуни "Рассоми беҳтарин" миёни рассомони ҷавони 18 шаҳру ноҳия сазовори ҷойи аввал гаштам. Дар озмуни мазкур "Беҳтарин рассоми вилояти Суғд" эътироф гардидам. Ба ғайр аз ин боз дар даҳҳо озмунҳои шаҳрӣ ва вилоятиву ҷумҳуриявӣ иштирок кардаам. Ният дорам дар фестивал-озмун ва намоишҳои байналмиллалӣ низ ширкат варзам,"-гуфт рассоми ҷавон.
Қаҳрамони мо афзуд, ки мехоҳад ҳарчи бештар манзараҳои диданбоб ва мавзеъҳои сайёҳии Тоҷикистонро тасвир намуда гӯшаҳои сабсабзи кишвари биҳиштосоямонро ба ҷаҳониён муаррифӣ намояд.