Arzon march 2024
Дастгоҳи нафасдиҳии сунъиро қатъ кунем, қотил намешавем?
793


Бемори вазнин дорем. Ҳуҷайраҳои мағзи сараш аз кор мондаанд. Духтарон мегӯяд дар ин ҳолат ягон роҳи табобат вуҷуд надорад. Ҳоло мариз танҳо тариқи дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ нафас кашида истодааст.

Дастгоҳ, агар қатъ карда шавад, нафаскашиаш қатъ гашта бемор мемирад. Ростӣ, ҳайронем, ки чи кор кунем. Донистан мехостем, ки агар ба қатъ кардани дастгоҳ розигӣ дода боиси марги бемор гардем, қотил ҳисоб намешавем. Умуман, Шумо ба мо чӣ маслиҳат медиҳед?
Сиҷоуддин, ш. Душанбе.

Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ
Бародари азиз, агар ҳолат он гунае бошад, ки дар савол баён шудааст, пас монеъе нест, ки дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ аз ӯ қатъ карда шавад, ба шарте ки ду табиб ё бештар ба хулоса оянд, ки мариз аллакай дар ҳукми мурда аст. Фақат баъд аз қатъ намудани дастгоҳ бояд муддате интизор шуд, то марги ӯ исбот гардад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД