Ҳамасола 21 март дар тамоми сарзамини Тоҷикистон Наврӯзи оламафрӯз ҷашн гирифта мешавад. Мардуми тоҷик махсусан ба дастархони идона таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир менамоянд, зеро садсолаҳо боз андешае роиҷ аст, ки соли нав-Наврӯзро чи хеле истиқбол бигирӣ, тамоми сол ҳамон хел мегузарад.
Аз ҳамин сабаб аксарият кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки дастурхони идонаашон бой бошад, то тамоми сол худованди меҳрубон ба хонадони онҳо файзу баракат ато намояд.
Тибки суннатҳои кадимӣ, мардум то фарорасии Наврӯз бояд хонаву дар ва гирду атрофи манзили худро тоза кунанд, агар қарздор бошанд, ҳатман қарзи худро пардохт намоянд, зеро хайру хавовате, ки одами қардор мекунад, пеши худованд қабул нест мегӯянд пиронсолоне, ки аз дину оин хабардор ҳастанд.
Маросими суннатӣ дар Наврӯз густурдани суфраи ҳафт син (форсӣ هفت سین) ва ҳафт шин мебошад. Ҳафт син аз ҳафт унсур иборат аст, ки номашон бо ҳарфи С (С ё Син (س) дар алифбои форсӣ) оғоз мешавад. Ҳафт Шин низ аз ҳафт унсур иборат мебошад, ки номашон дар алифбои форсӣ бо ҳарфи Ш оғоз мешавад.
Дар дастархонҳои идона ҳамчунин кулчаҳои калони гирда ва дигар хӯрданиҳои лазиз гуошта мешавад.
Дар Наврӯз асосан аз алафҳои баҳорӣ ва сабзавот таом омада мекунанд. Машҳуртарин таоми идона сумалак буда, аз сабзаи аз тухми гандум сабзида тайёр карда мешавад.
Дар баъзе минтақаҳо ба ғайр аз суманак ва таомҳои идона боз дар рӯйи хон шамъ ва тухми рангкардашуда мегузоранд, ки рамзҳои хоси худро доранд. Шамъ ин нур ё ҳамон оташест, ки одамро аз рӯҳҳои бад муҳофизат мекунад. Тухм ва оина барои мукаррар кардани охири соли кӯҳна ва оғози рӯзи аввали нав лозим аст.