Бозиҳои мусобиқаи интихобии Ҷоми ҷаҳонии футбол дар соли 2026 дар Амрикои Шимолӣ ва Марказӣ (CONCACAF) ба анҷом расиданд.
Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, пас аз даври интихобӣ дар қораи Амрико дастаҳои Панама, Кюрасао ва Гаити мустақиман ба Ҷоми ҷаҳонии соли 2026 роҳ ёфтанд, дар ҳоле ки Суринам ва Ямайка дар плей-оффи байниқитъавӣ бозӣ хоҳанд кард.
Бо ин 42 иштирокчӣ аз 48 иштирокчии ояндаи Ҷоми ҷаҳонии футбол дар соли 2026 муайян шуданд.
Кишварҳои мизбон: ИМА, Мексика, Канада.
Аврупо: Олмон, Швейтсария, Шотландия, Фаронса, Испания, Португалия, Нидерланд, Австрия, Норвегия, Белгия, Англия, Хорватия.
Амрикои Шимолӣ/Марказӣ (КОНКАКАФ): Панама, Кюрасао, Гаити.
Амрикои Ҷанубӣ (КОНМЕБОЛ): Аргентина, Бразилия, Эквадор, Уругвай, Колумбия, Парагвай.
Осиё: Эрон, Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Арабистони Саудӣ, Қатар, Урдун, Ӯзбекистон.
Африқо: Алҷазоир, Тунис, Миср, Гана, Марокаш, Кабо‑Верде, Кот‑д’Ивуар, Сенегал, Африқои Ҷанубӣ.
Австралия тавассути мусобиқаи интихобии Осиё ва Зеландияи Нав тавассути Уқёнусия ба Ҷоми ҷаҳонии соли 2026 роҳхат гирифтанд.
Шаш дастаи боқимонда дар мусобиқаи моҳи март пас аз ду даври ниҳоии интихобӣ муайян карда мешаванд: плей-оффҳои Аврупо (чор ҷой) ва плей-оффҳои байниқитъавӣ (ду ҷой). Бозиҳои плей-оффи байниқитъавӣ моҳи марти соли 2026 дар Мексика баргузор мешавад. Дастаҳо Каледонияи Нав, Боливия, Конго, Ироқ, Суринам ва Ямайка барои 2 роҳхат ба Ҷоми ҷаҳонии соли 2026 талош мекунанд.