Дар маҷлисгоҳи меҳмонхонаи “Суғдиён”-и шаҳри Хуҷанд мулоқоти раиси вилояти Суғд, раиси Федератсияи футболи вилоят Раҷаб Аҳмадзода бо ҳайатҳои дастаҳои футболи “Хуҷанд”, “Истаравшан” ва “Эсхата” баргузор гардид.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилоят, Раҷаб Аҳмадзода аз иштироки фаъолонаи дастаҳо дар мусобиқаи Ҷоми Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, дастаҳои “Истаравшан” ва “Эсхата”-ро ба муносибати роҳ ёфтан ба марҳилаи чорякниҳоии мусобиқа самимона табрик гуфтааст. Зикр гардидааст, ки кулли мухлисони футбол ва сокинони вилоят умедворан дастаҳои вилоят дар бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон ширкат варзида, шарафи футболи Суғдро баланд мебардоранд.
Раҷаб Аҳмадзода зикр намудааст, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҷиҳати дастгирии дастаҳои футболи вилоят, аз ҷумла “Хуҷанд”, “Истаравшан” ва “Эсхата” пайваста чораандешӣ менамояд ва барои таҳкими заминаҳои моддиву техникӣ, омодасозии мутахассисону футболбозони ҷавон ва иштироки фаъолона дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва минтақавӣ кумак мерасонад.
Бо мақсади қадрдонӣ ва рӯҳбаландсозии варзишгарон ҳар се даста бо мукофоти пулӣ ба маблағи 100 000 сомонӣ ва тӯбҳои бренди “MOLTEN” сарфароз гардонида шудаанд.