toyota motors
Дастаи “Истиқлол” ба садри ҷадвали Лигаи олӣ баромад
14.04.2026
Oila.tj
79

Бозиҳои даври чоруми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ ба анҷом расиданд. Дастаи “Истиқлол” пас аз натоиҷи бозиҳои даври чорум ба садри ҷадвали мусобиқа баромад.

Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, бо бозии дастаҳои КМВА ва “Барқчӣ” даври чоруми Чемпионати Тоҷикистон оғоз шуд. Вохӯрии дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор шуда, бо ҳисоби 2 бар 1 ба суди КМВА хотима ёфт. Комрони Мирзохон ва Исломбек Исоқҷонов голҳои КМВА-ро ба самар расониданд. Ягона голи “Барқчӣ”-ро Қамариддин Ғаффорзода марбути номи хеш кард. Исломбек Исоқҷонов аз ҳайати КМВА беҳтарин бозигари вохӯрӣ эътироф шуд.

Дар бозии дигари давр “Регар-ТадАЗ” дар баробари “Ҳосилот” ба пирӯзӣ расид. Ягона голи бозиро ҳамлагари “Регар-ТадАЗ” Азизбек Ҳаитов дар сонияи 28-ум ба самар расонид, ки ин зудтарин гол дар дар мавсими имсолаи Лигаи олӣ ба ҳисоб меравад. “Ҳосилот” аввалин бохти мавсимро ба қайд гирифт ва “Регар-ТадАЗ”дар аввалин бозии хонагӣ дар “Талко-Арена” дар иҳотаи мухлисон ба пирӯзӣ расид. Азизбек Ҳаитов беҳтарин бозигари вохӯрӣ дониста шуд.

“Равшан”-и шаҳри Кӯлоб дар аввалин бозии хонагӣ дар “Кӯлоб-Арена” тими “Эсхата”-и шаҳри Хуҷандро қабул кард. Вохӯрии дастаҳо бо ҳисоби 3 бар 1 ба фоидаи “Равшан” хотима ёфт. Голҳои “Равшан”-ро Фатҳулло Олимзода (дубл) ва Кабир Салимшоев ба ҳадаф расониданд. Ягона голи “бонкдорон”-ро Мубинҷон Муминов марбути номи хеш кард. Фатҳулло Олимзода беҳтарин бозигари дидор дониста шуд. Ин аввалин ғалабаи “Равшан” дар мавсими имсолаи Лигаи олӣ ба ҳисоб меравад.

Рустам Хоҷаев бо “Сардор” дар варзишгоҳи “Талко –Арена”-и шаҳри Турсунзода собиқ тими хеш “Хуҷанд”-ро қабул кард. Вохӯрӣ бо натиҷаи мусовии 2 бар 2 фарҷом ёфт. Голҳои тими шаҳри Турсунзодаро Миркомил Локаев ва Шоҳин Аббосиён ба самар расониданд. Аз ҳайати “Уқобон”-и соҳили Сир Комрон Турсунов ва Никола Эскич муаллифи голҳо шуданд. Голи Никола Эскич дар лаҳзаҳои охири бозӣ “Хуҷанд”-ро аз бохт наҷот дод. Аҳмадҷон Шоев аз ҳайати “Сардор” беҳтарин бозигари дидор дониста шуд.

Дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан шоҳиди набарди “Палангон” шудем. Бозии дастаҳои “Истаравшан” ва “Вахш” бо натиҷаи мусовии 1 бар 1 хотима ёфт. Муҳаммадиқбол Аминзода аз ҳайати “Истаравшан” бо усули қайчӣ гол зада ҳисобро бо голи зебояш дар дақиқаи 78-ум боз кард. Дар дақиқаи 90+3-юм дарвозабони “Вахш” Дмитро Фастов аз паси головари Аҳтам Назаров истифода намуда, ҳисобро баробар кард. Давоми солҳои охир ин авввалин голи дарвозабон дар Чемпионати Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Муҳаммадиқбол Аминзода аз ҳайати “Истаравшан” беҳтарин бозигари вохӯрӣ эътироф гардид.

Дар шаҳри Душанбе дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ “Истиқлол” бо “Парвоз”-и Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Хуҷанд ба ҳам омад. Вохӯрӣ бо ҳисоби 3 бар 0 ба фоидаи “Истиқлол” анҷом ёфт. Голҳои тими шаҳри Душанберо Масрур Ғафуров, Манучеҳр Сафаров, ва Далер Шарипов ба самар расониданд. Далер Шарипов беҳтарин бозигари дидор дониста шуд.

Пас аз анҷоми бозиҳои даври чорум дастаи “Истиқлол” бо 8 имтиёз ва таносуби тӯбҳо дар зинаи аввал аст. “Хуҷанд” бо 8 имтиёз дар зинаи дуюм, “Ҳосилот” бо 7 имтиёз дар зинаи сеюм ва “Вахш” бо 7 имтиёз чаҳоргонаи беҳтаринҳоро дар ҷадвали мусобиқа пур мекунанд. “Истаравшан” бо 3 имтиёз ва “Парвоз” бо 1 имтиёз дар таҳхонаи ҷадвали мусобиқа қарор доранд.

Тақвими бозиҳои даври 5-уми Лигаи олӣ

24-уми апрел | 17:00

“Регар-ТадАЗ” – “Вахш”

“Истиқлол” – “Хуҷанд”

25-уми апрел | 17:00

“Сардор” – “Барқчӣ”

“Парвоз” – “Ҳосилот”

26-уми апрел | 17:00

“Равшан” – КМВА

“Истаравшан” – “Эсхата”

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД