arzon replenishment
Дастаи “Эфко” ғолиби Ҷоми FORMULA55 дар шаҳри Хуҷанд шуд
17.10.2024
PROMO
211

Дар шаҳри Хуҷанд мусобиқаи футболи хурд «FORMULA55 CUP» ба анҷом расид. Дастаи «Эфко» дар бозии ниҳоӣ дастаи «Истиқлол»-ро тавассути иҷрои силсила зарбаҳои пеналтӣ шикаст дода, (вақти муқаррарӣ 2:2) соҳиби Ҷом гардид.

Дар вохӯрӣ барои ҷои сеюм бошад, Tcell бар Ависенна ғолиб омад.

2_1

Дар маросими ҷоизасупорӣ сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Бахтиёр Исматзода ва директори минтақавии FORMULA55 Хушбахт Расулов иштирок намуда, ба ғолибон ва беҳтарин бозигарони мусобиқа ҷом, медал ва туҳфаҳо супориданд.

3_

Ҳамзамон беҳтаринҳои ин мусобиқа дар самти дарвозабон, ҳимоятгар, ҳамлагар ва беҳтарин бозингари мусобиқа интихоб гардида, бо ҷоизаҳои инфиродӣ қадрдонӣ шуданд.

4_

Ёдовар мешавем, ки мусобиқаи FORMULA55 CUP дар панҷ минтақаи кишвар: Турсунзода, Хуҷанд, Кӯлоб, Бохтар ва Норак баргузор гардид.

5_

Аввалин ширкати букмекерии миллии FORMULA55 дар тамоми фаъолияти худ чорабиниҳои варзиширо дар саросари кишвар дастгирӣ мекунад. Аз ҷумла мусобиқаи футболи хурдро давоми шаш соли охир аст, ки барои дӯсторони футбол ва ҳавасмандони панҷ шаҳр ташклиу баргузор менамояд, ки ба ғолибон дар баробари медалу ифтихорнома, ҳамзамон мукофоти пулӣ низ тақдим карда мешавад.

ФОРМУЛА55 - Мо варзишро рушд медиҳем!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД