Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании кишвар аз баргузории маросими ба истифода додани хонаҳои сохташуда барои аҳолии деҳаи Дашти Искодари ноҳияи Айнии вилояти Суғд, ки аз офати табиӣ зарар дидаанд, хабар дод.
Бино ба иттилои манбаъ, дар маросими тантанавӣ сардори Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд генерал-майор Ҷамшед Камолзода, сардори Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд полковник Додиён Б. ва наҷотдиҳандагони КҲФ дар ноҳияҳои минтақаи Зарафшон иштирок доштаанд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба соҳибони хонаҳо калиди биноҳои нави истиқоматиро супорида, бо шароити манзили утоқҳо шинос шудааст.
Гуфта мешавад, ки барои сохтмони 15 бинои истиқоматӣ ба ҳар як хоҷагӣ майдони 3,5 сотих замин ҷудо карда шудааст. Биноҳои нави истиқоматӣ тибқи лоиҳаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуда, бо таҷҳизоти зарурӣ барои зиндагӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки бар асари офати табиии сел, ки 13-уми июли соли 2024 дар деҳаи Искодари ҷамоати деҳоти Дар-Дари ноҳияи Айнии вилояти Суғд рух дод, 53 бинои истиқоматӣ осеб дида, аз он 7 хона пурра хароб гардид, 8 хона қисман осеб дида, 38 бинои ёрирасон низ хароб шуда, як бинои мактаб, 26 километр роҳи мошингард, 88 километр хати барқ, 15,5 километр хати интиқоли об ва заҳбурҳо, 18,93 гектар замини кишт хароб шудааст. Маблағи зарар 5 миллиону 526 ҳазору 762 сомониро ташкил додааст.