Arzon march 2024
Даҳшати коронавирус: Сайёра онро бо чашмони худ дид
2436

 

 

…«Ман солҳои охир дар Ню-Йорк салон дорам, толори ороиш. Гарчанде коргар дорам, вале худам ҳам кор мекунам, зеро бекор истода наметавонам. Ҳамарӯза ба салони мо даҳҳо нафар меоянд, гумон мекунам аз нафаре сироят ёфтам»-посух медиҳад, ӯ…


Шабнами Собирӣ: Мансури ман ба ҳама моли дунё меарзад

…-Ман агар ӯро дӯст надорам, кӯр мешавам. Шукри Худовандро мекунам, ки Мансур шавҳар, такягоҳ, пуштибон ва ҳамдаму ҳамрози ман аст. Ҳатто тасаввур карда наметавонам, ки моли каси дигаре бошад…

Дар шумораи нави ҳафтаномаи «Оила» суҳбати хабарнигори моро бо ҷуфти ҷавону муваффақи шоу-бизнеси тоҷик овозхон Шабнами Собирӣ ва продюсер Мансур Нигматов мутолиа намоед!

Коронавирусро на сауна мекушаду на содаву сирко!

…Вируси Covid-19 дар ҳаво намеистад. Он инфексияи қатрагӣ буда, танҳо дар сурати робитаи зич сироятпазир аст. Дар ҳавои тоза дар боғу гулгаштҳо бо риоя намудани масофа сайр кардан мумкин аст…

Дар шумораи ҷадиди ҳафтанома бо 16 тавсияи доктори илмҳои тиб аз донишгоҳи Мэриленди ИМА, муовини шӯъбаи бемориҳои сироятӣ Фахим Юнус (Faheem Younus) дар мавриди роҳҳои сироятёбӣ аз коронавирус ошно шавед!

Ошиқонро дар моҳи май чӣ интизор аст?

… Дар муносибатҳои ошиқонаи шумо баъзе мушкилиҳо сар мезанад. Сабурона зарбаҳои нави тақдирро интизор нашавед, балки созандаи бахти худ бошед. Дар давоми моҳ ҳассосият ва шитобкории шумо сабабгори сар задани муноқиша дар муносибатҳои ошиқона мегардад…

Агар донистан мехоҳед, ки муносибатҳои ошиқонаи шумо дар моҳи май чӣ ранг мегирад, пас нашри навбатии ҳафтаномаи «Оила»-ро ҷӯед, ёбед, хонед!!!

Шавҳари пинҳонии Зулайхо Маҳмадшоева ошкор шуд

… Лаҳзаҳои бӯсу канор ва ишқварзии Зулайхо бо шавҳараш миёни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси тезу тундеро барангехта, бархеҳо ин амали овозхонро барои духтари тоҷик зебанда намедонанд. Қаблан сару садоҳо дар мавриди шавҳар доштан ё надоштани Зулайхо паҳн шуда буданд, аммо овозхон шавҳар доштанашро тасдиқ карда буду акси ӯро ба мухлисонаш нишон намедод…

Аз ошкор шудани шавҳари пинҳонии Зулайхо, моҷарои писари Зафар Аюбӣ бо кормандони милитсия то ҷаримаи Муниса Ризоева барои ниқоби тиббӣ ва вазъи саломатии шоирон Озарахшу Фарзона дар саҳифаи «Ситорарез»-и ҳафтаномаи «Оила»!

Шакли пурраи қиссаи мазкурро аз шумораи ҷадиди ҳафтаномаи «Оила» пайгирӣ намоед!

Духтар мезоед ё писар?

Шумо ҳомиладоред? Мехоҳед донед, ки тифли батнатон духтар аст ё писар? Барои ин даҳ маротиба назди духтур рафта, УЗИ кардан шарт нест. Ҳафтаномаи «Оила» бо роҳи осон духтар ё писар таваллуд кардани шуморо муайян мекунад. Ба «Оила» занг зада, санаи таваллуд ва санаи охирини ҳайзатонро бигӯед, мо писар ё духтар будани фарзанди шуморо муайян мекунем. Телефон барои маълумоти иловагӣ:

238-52-52

«Маро танҳо нагузор»

Мехоҳед шавҳари табъи дил ё зани меҳрубону бофаҳм пайдо кунед? Дар ҷустуҷӯйи ҳамрозу ҳамнафасе ҳастед? Умри инсон хеле кӯтоҳ аст, онро дар танҳоиву ноумедӣ нагузаронед. Шитобед, бахти худро пайдо намоед. Маҳфили шиносоии «Маро танҳо нагузор» дар пайдо намудани ёри мувофиқ ба шумо кӯмак мерасонад. Рӯзҳои қабул: чоршанбе (аз соати 9.00 то 12.00) ва ҷумъа (аз соати 14.00 то 17.00). Суроға: хиёбони Саъдӣ Шерозӣ 16, бинои «Шарқи озод», ошёнаи 11, идораи ҳафтаномаи «Оила». Ёдовар мешавем, ки соли гузашта бо воситаи маҳфили шиносоии «Маро танҳо нагузор» беш аз 200 нафар оила барпо карданд ва хушбахтанд.

Оила ва Ислом

Агар шумо дар масъалае дармондаеду посухи дақиқ меҷӯед, ба «Оила» нависед ё занг занед. Ба саволҳои шумо намояндагони Раёсати фатвои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавоб мегӯянд. Пешниҳодҳои худро тариқи Viber, WhatsApp, Telegram ва Imo ба рақами 93-600-32-63 ирсол намоед ё ба рақами кӯтоҳи 238-52-52 занг занед.

СМС-ҳои ошиқона

Хонандагони азиз! Шумо метавонед тавассути ҳафтаномаи дӯстдоштаатон «Оила» рози дилатонро ба ошиқатон ва дигар касоне, ки бароятон азизанд, бирасонед. Ногуфтаҳои худро тавассути рақамҳои 985-81-89-81 ва 93-180-77-81 (Viber ва Imo) бигӯед!

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД