Formula novemver 2024
Даҳшатбону Қисми 3
1743

Наҳс

Анвар ба хонааш наздик шуду дилаш ба таппидан даромад, бисёр мехост ҳозир аз дар дарун шаваду зану фарзандонашро ба оғӯш кашида, интизорияшро шиканад. Чӣ қадар онҳоро ёд карда буд, мехост он сурату сабту ғайбатҳое, ки дар бораи ҳамсараш шунида буд, ҳамааш дурӯғ бошанд, ӯ Саноатро дӯст медошт, фарзандонашро бошад, баробари ҷонаш медонист. Шаҳбозу Шавкат низ ҳамеша бо падарашон бо як пазмонӣ гап мезаданд, риштаи хаёлҳои Анварро саддои ғурроси мошин барканд. Мошини Саноат буд, аз сари чанбарак як ҷавони қоматбаланд баъди ӯ Саноат калавида-калавида баромаданд. Мард зани ӯро ба хона дароварда, баъд дарвозаро, гӯё дарвозаи ҳавлии худаш бошад, кушоду мошинро дароварда, дарвозаро баст. Анвар дар ҷояш, зери тути назди ҷӯяки сари кӯча шах шуд ва баъд аз чанде бо як азоб аз сари дарвозаи қуфл парида, вориди ҳавлӣ шуд. Аввал ба хонаи хоби кӯдаконаш даромад, писараконаш хоби маст буданд, дар паҳлӯяшон зани ношиносе мехобид. Дар хонаи хоби онҳо болои кати сафеди ҷилодори махсус фармоиш додаи Анвар, ҷавони ришдоре лучи модарзод бо Саноат мехобиданд. Онҳо сахт монда буданд, ки аз фурӯзон шудани чароғу наздашон омадани марди хонадон ҳам бедор нашуданд. Анвар телефонҳои онҳоро гирифта, боз ба хонаи писаронаш даромад, аз он ҷо ҳам се телефонро гирифту чароғро хомӯш карду берун баромад. Ба бародараш занг зад, баъди як соат ба ҳавлӣ ду бародару модари Саноат, се бародару модари Анвар ворид шуданд. То омадани онҳо хоҳарони Саноат пайваста ба он мард, ки Аҳад ном доштаасту ба апаашон занг мезаданду смс равон мекарданд, ки шумо дар куҷоед, ҳеваронат ҷустуҷӯят доранд. Он шаби наҳсу шармандагӣ Анвар талоқи Саноатро медиҳад, ваде ҳама кӯшишҳояш барои ба даст овардани ҳавлии ба хуни ҷигар сохтааш беҳуда мераванд. Аҳад низ Саноатро мепартояд…

                             Дар ҳалқаи нанг

Баъди ин ҳодиса Анвар ба бемории рӯҳӣ гирифтор мешавад, бародари калонияш хонаи сеҳуҷрагии дар шаҳр доштаашро ба ӯ медиҳад ва мехоҳанд хонадораш кунанд, аммо…

Анвар аз писаронашу Саноати хиёнаткор дил канданӣ набуд, Саноат ба ҷойи бахшишу узр боз ӯро гунаҳгор мекунад, ки ту чаро бародаронатро ҷеғ задӣ, маро шарманда кардӣ ва писаронашро нишонаш намедод. Анвар аз як ҷавонмарди пулёби зебову корчалон ба як одами рӯҳафтода мубаддал шуда буд, дар роҳи хонаи бародарашу ҳавлии худаш мерафту меомад. Саноат акнун ошиқи нав ёфта буду падари фарзандонашро ба ҳаёти худаш хатарнок гуфта, доим ба милиса медод. Оқибат як рӯз зани бародараш, ки духтари аммааш низ буд, барояш хӯрок меораду ӯро дар ҳоҷатхона бар ҳалқаи дор меёбад. Аҷаб шӯре барпо шуд, ҳама ба ҳоли ин ҷавонмарди хиёнатзада мегиристанду мегиристанд. Чӣ мегӯед, ки Саноат куртаи сиёҳи дароз дар бар рӯймоили сафед дар сар ду писараш аз ду тараф ба мотамгоҳ дохил мешавад. Хоҳарони шавҳараш мехоҳанд рӯю мӯйи ӯро кананд, вале мардҳои хонадон намемонад, писаронаш рӯйи хунуки шавҳарро мебинанд. Саноат, ки ба лабони ғафсаш сурхӣ задаву мижгонҳои сунъияшро пар- пар мекард, хушдоманашро ба оғӯш кашида мегӯяд:

-Аммаҷон маро бубахшед…

Модари зор ӯро аз оғӯшаш дур карда менолад:

-Ман туро бо домани нопокат қабул кардам, писарам гуфт, ки “оча, ин нодухтар аст”, гуфтам “хомӯш бош, ту ҳам дар шаҳрҳои урус гашта-гашта пир шуда, нав зан ёфтӣ”. Вақте писарам гуфт, ки “оча, ин бало метобад, мегӯяд аввал барои ман ҳавлӣ соз”, гуфтам “писарам рост мегӯяд, дар ватан хона бояд дошта бошӣ”. Писарам гуфт, “оча, ин нияти Русия рафтан надорад”, гуфтам “хуб мекунад, дар Русия чӣ гум кардааст баргард”… Писарамро ту куштӣ, дафъ шав аз назарам!

                                 Ҳафтрӯя

Апаи Шоира як соат қиссаи даҳшатбонуро нақл карду ман гӯш кардам, аҷаб дунёе…

Саноат имрӯз дар тамоми шабакаҳои интернетӣ ҷилванамоӣ мекунад, ҳарфҳое мезанад, ки ҳам хандаам меояду ҳам гиря. Дар Тик-ток дидам, ки бо алам дар бораи марги ҳамсараш ва сағир мондани писаронаш, вафодории худаш мегуфт. Шояд ҳазорон нафар бовар кунад, аммо ман ба чеҳраи бенур, лабҳои ғафс, қошу миҷгону рухсораҳои сунъияш нигариста, нафратам меояд. Зеро ӯро хуб мешиносам…

Шояд ин матлабро ҳам наменавиштам, аммо ӯ дар як қиссаи дигараш аз ман ҳам ёд кард. Ҳамин хел, ки як дугона доштам, ҳамеша ба ман тақлид мекард, аз вай безор шуда будам, ҳоло ӯ дар Русия барои занҳои сарватмани рус ҳоҷатхона мешӯяд бо дипломи сурхи харидаи падараш.

Ман ба Саноат гуфтаниям, “аввал ин ки ман дар Русия ҳеҷ гоҳ ҳоҷатхона нашӯстаам ва агар шӯста бошам ҳам, ҳоҷатхона шӯстану пули ҳалол кор кардан, ҳазорон бор беҳтар аз фоҳишагист! Баъд, ман як зани тоҷик дар Русия донишгоҳро бо дипломи сурх хатм кардам ва имрӯз ба тарбияи фарзандони ин миллати бузург машғулам. Шавҳарам духтур ва писаронам бошанд, дар литсейҳои бонуфуз мехонанд, ман аз ин ифтихор мекунам. Инро аз хотир набарор «дугона»! Худованд аз ҳама чиз огаҳ аст ва кирдорҳои ту низ беҷавоб намемонанд. Гумон кардӣ, ки чеҳраатро бо ботексу силикон дигар кардиву намешиносандат?! Хестӣ, ки хобӣ! Назди Худо тавба кун! Ман бори сеюм хонаи Худоро зиёрат кардам ва ҳамеша дар ҳаққи ту дуо мекунам, ки тавфиқу имонат диҳад.

                                                            

   Ситора, аз вилояти Маскави              

   Федератсияи Русия  

   Таснифи Нисо Холид

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД