Модаронро фаришта мехонанд, вале занҳои бераҳму сангдиле ҳастанд, ки бо рафтору кирдори худ ба номи неки модар иснод меоранд.
Яке аз чунин занҳои беандеша тифлаки навзодашро ба халтаи партов андохта, ба партовгоҳ партофтааст...
Ҷасади тифли навзодро аз заводи коркарди партов пайдо карданд. Тахмин меравад, ки зан тифли навзодашро кушта, баъд ба партовгоҳ партофтааст.
Ҷасади тифлаки маъсумро модари бераҳмаш дар пакети сиёҳ печонда, баъдан ба халтаи партов андохта, ба партовгоҳ партофтааст.
Бо шунидани тафсилоти ин ҳодисаи ваҳшатбор бадани кас виҷирос мезанад. Тавре ки шоҳидон шаҳодат додаанд, зане, ки фарзандашро ба партовгоҳ партофтааст, 26-сол дошта, модари танҳост ва ба ғайр аз тифаки номуроди ба партовгоҳ партофтааш боз ду фарзанди дигар низ доштааст.
Ин зани фарзандбезор дар як корхонаи мурғпарварӣ кор мекардааст ва муддати нӯҳ моҳ ҳомиладор буданашро аз ҳамкоронаш пинҳон доштааст. Рӯзи 27-январ занро дарди зодан мегирад ва дар мурғхона фарзандашро ба дунё меорад. Бо тифли навзод чӣ кор карданашро надониста, ин зани сангдилу бераҳм кӯдакро ба селофани сиёҳ печонда, ба халтаи партов меандозад ва ба партовгоҳ мепартояд.
Модари бераҳм дилпур будааст, ки дастгоҳҳои пуритқтидори коркарди партов ҷасади тифли маъсумро ҳамроҳи дигар партовҳо майда-майда мекунанд ва касе аз ин амали ваҳшиёнааш хабардор намешавад, вале тираш хок хӯрда, сирри модари фарзандбезор фош гашту кормандони завод мурдаи селофанпечи кӯдакро пайдо карданд.
Ин ҳодисаи мудҳиш дар Бошқирдистон рӯй дода, модари золим аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аллакай боздошт шудааст.
Ба иттилои UFA1.RU зан худро сафед карда, гуфтааст, ки фарзандаш мурда ба дунё омада буд ва аз ҳамин хотир ҷасадашро ба партовгоҳ партофт, вале кормандони кумитаи тафиштии Бошқирдистон ба ҳарфҳояш бовар накарда, экспертизаи судӣ-тиббӣ таъин намудаанд. Акнун коршиносони ин соҳа сабабҳои марги тифли навздро таҳқиқ менамоянд.
Ин аввалин ҳодисаи куштори кӯдакон ба дасти модар набуда, қаблан як зани дигар тифли навзодашро аз тирезаи ошёнаи 4-ум ба замин партофта буд.