arzon replenishment
ДАҲШАТ!!! ТАКСИСТРО 42 КОРД ЗАДАНД!
2341


Хабари куштори бераҳмонаи як ронандаи таксӣ дар пойтахт барқсон паҳн гашта, боиси пайдо шудани овозаву ҳангома ва сару садоҳои гуногун дар байни мардум гашт. Иддае хабари мазкурро бофтаи ҳангомасозон меномиданд, вале гурӯҳи дигар бар он ақида буданд, ки дар ҳақиқат байни ронанда ва мусофир барои пул баҳсу мунозира сар зада, ин моҷаро бо куштор анҷом ёфтааст. Билохира, ҳақиқат рӯйи об баромад.

Тавре ки Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод, дар ҳақиқат бо гумони куштори бераҳмонаи як ронандаи таксӣ дар шаҳри Душанбе ҷавони 21-солае боздошт шудааст. Дар хабар гуфта мешавад, ки гумонбар сокини ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Ҷайҳун буда, санаи 15-уми феврал, тахминан соатҳои 20.00 дар кӯчаи Деҳотии пойтахт ронандаи 31-солаи ширкати “1111-такси”-ро дар дохили мошини шахсиаш (тамғаи Хундай-Салярес) бо бераҳмии махсус ба қатл расонида, ба гардан, қафаси сила ва дигар узвҳои ҳаётан муҳимаш 42 корд задааст.

Ронанда бар асари захмҳои корд дар дохили мошин ба ҳалокат расида, қотил фирор мекунад, вале дур рафтан ба ӯ муяссар нагашта ба зудӣ ба чанг афтод. Нисбати ин ҷавони бераҳм бо иттиҳоми куштор парвандаи ҷиноятӣ оғоз ёфтааст, вале сабаби ронандаро ба таври ваҳшиёна ба қатл расонидани мусофир шарҳ дода нашудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД