Arzon march 2024
Даҳшат! Паиндар кӯдаки 2-соларо бераҳмона зада кушт!
1427

Кормандони милитсияи пойтахт мардеро бо гумони одамкушӣ дастгир намудаанд. Гуфта мешавад, ки гумонбар кӯдаки 2-солаи занашро бераҳмона зада куштааст.

Марди бо гумони одамкушӣ дастгиршуда 31 сол дошта, зодаи ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон мебошад, вале муваққатан дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекардааст. Номбурда бо моддаи 111-и Кодекси ҷиноятии Федератсияи Россия дар кофтукови байналмилалӣ қарор дошта, билохира дар шаҳри Душанбе бо гумони содир кардани ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шуд.

Тавре манбаъ менависад, гумонбаршаванда рӯзи 14-уми сентябри соли равон, тахминан соатҳои 23:30 дақиқа дар хонаи истиқоматиаш дар ҳолати мастӣ бо ҳамсари 27-солааш ҷангу ҷанҷол намудааст. Аснои моҷарои зану шавҳар духтарчаи угайи 2-солааш сахт гиря кардааст ва мард аз қаҳру ғазаби зиёд бо бераҳмии махсус бо дасту пой ва тасмаи миёнаш кӯдакро латукӯб намуда, баъдан бардошта ба замин задаааст. Паиндари золим бо ин ҳам қонеъ нагашта, тифли бегуноҳро бо дастонаш бӯғӣ карда куштааст.

Айни замон нисбати гумонбаршаванда бо қисми 2-и моддаи 104-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ёфта, тафтишот идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД