Дар Вилояти Суғд ҳодисаи ваҳшатборе сар задааст, ки аз шунидани тафсилоташ ба тани кас мурғак медамад. Як сокини ин вилоят зану фарзандашро кушта, ҷасадҳояшонро оташ задааст...
Сабаби сар задани ин моҷарои хунин ҳанӯз маълум нест, вале тавре ки Акбар Шарифӣ, котиби матбуотии Раёсати ВКД дар вилояти Суғд хабар додааст, ҳодиса дар ноҳияиЗафаробод сар зада, марди 36-сола ҳамсар ва фарзанди 9-солаашро кушта, ҷасадҳояшонро оташ задааст...
Бино ба иттилои Акбар Шарифӣ, ин фоҷиаи мудҳиш рӯзи 28-уми ноябр дар шаҳраки Меҳнатободи ноҳияи Зафаробод рух дода, байни зану шавҳар муноқиша бархостааст. Дар рафти ин моҷарои оилавӣ мард заи 36-солаашро бераҳмона ба қатл мерасонад. Фарзандашон, писарчаи 9-сола беихтиёр шоҳиди чӣ гуна кушта шудани модараш гашта, ба бобояш занг мезад. Мард аз рафтори кӯдак ба ғазаб омада, писарашро бо дасти худаш мекушад ва ҷасадҳои зану фарзандашро оташ мезанад. Дар гузориш омадааст:
“Кӯдак мебинад, ки падар модарашро кушта истодааст, ба бобояш занг мезанад ва ҳодисаро мегӯяд. Падар барои ин рафтораш кӯдак ва дар як вақт, шоҳиди ҳодисаро ба қатл расонида, ҷисми ӯро низ оташ мезанад....”
Бо мақсади халал нарасонидан ба рафти тафтишот ному насаби гумонбари ин куштори ваҳшиёна ва марҳумон оварда нашудааст.