formula55
ДАҲШАТ! МОШИН РОНАНДАРО МАҶАҚ КАРД
2294


Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз сар задани як садамаи мудҳиш дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Силояти Суғд хабар додааст. Тавре ки манбаъ мегӯяд, ин ҳодисаи нохуш рӯзи 25-уми апрел, тахминан соатҳои 4.00 сар зада, мошини боркаши тамғаи ЗИЛ ба рӯйи соҳибаш чапагардон шудааст.

Ронандаи 32-соле, ки дар зери бори гарони мошинаш мондааст, сокини деҳаи Чаманзори ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буда, оиладор ва падари ду фарзанд буд.

Ҳамон рӯзи наҳс ӯ бо боркаши машғул мешавад, вале якбора тормози мошин аз кор баромада, дигар нақлиётро идора карда наметавонад. Ба хотири наҷоти ҷонаш ронанда ҷонҳавл худро аз кабинаи мошин ба берун ҳаво медиҳад, вале ЗИЛ ба рӯяш чаппагардон шуда, бо бори гаронаш ӯро маҷақ мекунад.

Бар асари ин фалокат ронанда дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Аз ин ҷавони ормонӣ ду фарзанди хурдсол ятим монданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД