Arzon march 2024
ДАҲШАТ: ДАР ФАРХОР ПИСАР ПАДАРУ МОДАРРО КУШТ! ЧАРО?
6107


Фарзандро меваи умри инсон мегӯянд, аммо меваҳои зардолуде низ ҳастанд, ки ҳаёти падару модарро заҳрогин намуда, як умр онҳоро азоб медиҳанд, ҷигархун месозанд ва оқибат боиси марги фоҷиавии волидони хеш мегарданд.

Мурод аз “Меваи заҳрогин” фарзандони нохалафанд, ки ба ҷойи ҳурмату эҳтироми падару модарро ба ҷо оварда, дар даврони пирӣ асои дасташон гаштан, бо нописандӣ, беэҳтиромӣ, дағалӣ ва дигар амалҳои ноҷойи худ пайваста волидонашонро меранҷонанд, ранҷу озор медиҳанд, оби чашмашонро дар бари рӯйяшон ҷорӣ месозанд ва ҳатто падар ё модари худро бераҳмона мекушанд.
Шояд шумо норозиёна бигӯед: Магар фарзанд метавонад волидонашро ба қатл расонад?!

Ҳарчанд бовар кардан душвор аст, аммо чунин фарзандони аҳримансирате вуҷуд доранд, ки беҳармона ба дили падар ё модари худ корд мезанад, волидонашонро дашному ҳақорат медиҳанд, мезананд ва ҳатто мекушанд!!
Ҳодисае, ки ду-се рӯз қабл дар ноҳияи Фархори Вилояти Хатлон рӯй дод, далели равшани ин гуфтаҳост.

Сомонаи Пресса. ТЧ аз сар задани куштори ваҳшатангези волидон бо дасти писар дар ноҳияи Фархор хабар додааст. Тавре ки ин манбаъ мегӯяд:
“Санаи 1-уми декабри соли равон як ҷавони тақрибан 23-сола дар собиқ совхози Уртубузи ноҳияи Фархор падару модари худро куштааст. Модари ҷавон ҳамон рӯзи 1-уми декабр дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, падараш як рӯз пас, санаи 2-юми декабр дар беморхона ҷон додааст” .

Тафсилоти дигари ин рӯйдоди хунин ва ваҳшатангез ҳанӯз дастрас нашудааст ва мақомот низ ин ҳодисаи мудҳишро шарҳ надодаанд. Сабаби даст ба қатли волидони худ задани ин ҷавон то ҳол маълум нест.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД