Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз як ҳодисаи мудҳиши куштор хабар медиҳад, ки аз ҷониби як низомӣ сар задааст. Бино ба иттилои дафтари матбуотии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, куштор дар заминаи муноқишаи оилавӣ , санаи 20-уми феврал, сар задааст.
Куштори мудҳишро прапоршики қисми ҳарбии 051057-и Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Икромзода Азаматулло Азизбек, сокини ноҳияи Рӯдакӣ содир намудааст. Номбурда рӯзи 20-уми феврал, тахминан соатҳои 14:30-дақиқа, бинобар ба амал омадани муноқишаи оилавӣ, ба хонаи волидайни ҳамсараш ба деҳаи Мадад, ҷамоати Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ омада, бо истифода аз тапончаи ПМ, ҳамсар, падар ва модари ҳамсарашро ба қатл расонидааст.
Бо андешидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ Икромзода Азаматулло Азизбек аз ҷониби кормандони милитсия дастгир гардидааст.
ВУД мегӯяд, вобаста ба ҳолати мазкур аз тарафи Прокуратураи генералӣ, парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.
Прапоршикро чи ба чунин куштори мудҳиш водор кардааст, то ҳол маълум нест.