arzon replenishment
Дарвозаи биҳиштро кӣ мекушояд?
911


Барои ҳар як шахс хизмати падару модар воҷиб аст. Дар корҳои мубоҳу ҷоиз итоати волидайн зарурист:

Шайх Фаридуддини Аттор мефармояд:

Тоати Ҳақро ба ҷон фармон кунӣ,
Баъд аз он бо волидайн эҳсон кунӣ.
Волидайн аз ҳар касе хушнуд шуд,
Он пас аз шоистаи маъбуд шуд.
Волидайн аз ҳар кӣ дар озор шуд,
Осӣ аст, аз ӯ Худо безор шуд.

Уламо гуфтаанд, ки аз беадабӣ дар ҳаққи волидайн дурӣ шавад, бо такаббуру ғурур бо онҳо рӯ ба рӯ нашавад, ҳатто агарчӣ онҳо мушрик ҳам бошанд. Бояд садои худро аз садои онҳо баландтар накунад ва бо ном онҳоро садо накунад. Яъне, номашонро гирифта, муроҷиат накунад. Дар назди онҳо дар хӯрок хӯрдану роҳ рафтан сабқат (пешдастӣ) нанамояд. Зимни амри маъруфу наҳйи мункар бо онҳо нарм бошад. Агар амри маъруфу наҳйи мункарро қабул накунанд, бо онҳо ба хубӣ рафтор карда, дар ҳаққашон дуои ҳидоят намояд. Умуман дар ҳама кор эҳтироми онҳоро ба ҷо орад.
Дар ривояте омадааст, ки беҳтарин дарвоза аз дарвозаҳои биҳишт падар аст. Пас ихтиёр дорӣ, агар дилат мехоҳад онро ҳифозат кун, ё зоеъ гардон.
Рӯзе яке аз саҳобагон ба Расули Худо (с) савол дод:-Эй Расули Худо (с), ҳаққи волидайн чист? Он ҳазрат (с) фармуданд:-Онҳо барои ту ё ба манзалаи биҳиштанд ё ба манзалаи дӯзах. Яъне, ризои онҳо бароят биҳишт ва норизоии онҳо дӯзах аст.
Дар як ҳадиси он ҳазрат (с) омадааст, ки як нигоҳи фарзанди мутеъ ва фармонбардор ҳамроҳ бо муҳаббату шафқат ба сӯи падар савоби як ҳаҷҷи қабулшударо дорад.
Дар ҳадиси дигар омадааст, ки Худованд ғайри ширк тамоми гуноҳонро ҳар қадар хоҳад афв менамояд, магар сазои нофармонии волидайн, ки пеш аз марг дар дунё ҳам ба ӯ мерасонад.
Боре ҷавоне назди Расули Акрам (с) омада гуфт:
-Ман хоҳиши ширкат намудан дар ҷиҳодро дорам. Он ҳазрат (с) аз ӯ пурсиданд:
-Оё модарат зинда аст?
Ӯ гуфт:-Бале.
Расули Худо (с) барояш фармуданд:-Хизмати модаратро ба ҷо ор, ки зери қадамҳои ӯ бароят биҳишт аст.
Ҳазрати Муҳаммад (с) дар ҷои дигар фармуданд:
Ризои Худованд дар ризои падар аст ва норизоии Аллоҳ Таъоло дар норизоии падар аст.
Аз сӯзи дили падар ҳазар бояд кард,
В-аз кӯи ҷафои ӯ гузар бояд кард.
Гарам ҳама фармондеҳи оффоқ шудӣ,
Охир на ба фармони падар бояд кард.
Дар ҳадиси дигаре омадааст: «Касе падару модараш дар ҳоле фавтидаанд, ки ӯ нофармонии онҳоро мекард, пас агар ба касрат (бисёр) барои онҳо дуои истиғфор намояд, он фарзанд мутеъ ба фармонбардор маҳсуб хоҳад шуд.
Ҳамчунин дар ҳадиси дигар таъкид шудааст: «Беҳтарин некӣ баъд аз марги падар хушрафторӣ бо дӯстони ӯст». Яъне, аз рафтуомади фарзанд бо хешовандону дӯстони падар рӯҳи ӯ шод шуда, як навъ некӣ ба ҳисоб меравад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД