1xbet
Дарвозабони дастаи “ПСЖ” Донарума бо мухлисон хайрухуш кард
139

Джанлуиджи Донарума, ки дар «ПСЖ» аз соли 2021 бозӣ карда, барои қаҳрамонӣ дар Лигаи Қаҳрамонҳо нақши калон бозидааст, бо мухлмон хайрухуш кард.

Донаруми дар айни хайрбодӣ гуфт:

- Аз рӯзи аввале, ки ман ба «ПСЖ» омадам, ҳам дар майдон, ҳам берун аз он куллан худамро бахшидам, то дарвозаи Парижро нигоҳ дорам. Мутаассифона касе қарор баровард, ки ман дигар ҷузъи даста шуда ва фоидаи худамро расонида наметавонам. Ман хеле ғамгин шудам.

Ман уведворам, ки як бори дигар бо мухлисони “ПСЖ” дар Парк Дэ Пранс хайрухуш кунам. Агар ин кор нашавад, ман мехоҳам, ки шумо донед: шумо барои ман ҳама чиз будед ва ман аз хотир намебарорам. Ман Парижро то охир ба ёд меорам.

Ба ҳамдастагонам - оилаи дуюмам - ташаккур барои ҳар як бозӣ, барои ҳар як хурсандӣ, барои ҳар як лаҳза, ки ман бо онҳо будам. Шумо ҳамавақт бародарони ман мемонед.

Дар ин даста бозӣ кардан ва шарафи ин дастаро ҳимоя кардан барои ман шараф буд. Раҳмат, Париж!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД