Formula novemver 2024
Даррандаҳо дар Девлох ба рама ҳамла карданд
741


Ҳамасола дар деҳоти кишварамон, махсусан дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон дар фасли зимистон ҳодисаҳои нохуши ҳамлаи гургу шағол ва бабру хирс барин ҳайвоноти ваҳшӣ ба моли мардум ба вуқуъ пайваста, боиси талафот ва хисороти зиёд дидани одамон мегарданд.

Даррандаҳо аз шиддати гуруснагӣ дар фасли сармо дар ҷустуҷӯи ғизо аз кӯҳҳо ба водӣ фаромада ба бузу гусфанд, хару аспу гов ва ҳатто баъзан ба одамон ҳамла мекунанд. Ду рӯз қабл боз чунин як ҳодисаи нохуш дар ноҳияи Роштқалъаи Бадахшони Кӯҳӣ ба вуҷуд омада, галаи гургон ба як рама ҳамла кардаанд.

Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон хабар додааст. ...
Тавре ки манбаъ мегӯяд, рӯзи 11-уми декабр, тахминан соати 15:16, дар мавзеи Девлох дар канори деҳаи Сежди ҷамоати Сежди ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон як галаи гургон ба рамаи чорвои хурде, ки дар як чарогоҳи кӯҳӣ дар канори Сежд мечарид, ҳамла кардаанд. Даррандаҳои гурусна 28 сар бузу гусфандро дарронда, несту нобуд кардаанд.

Хушбахтона бар асари ҳамлаи гургон ба рама дар Девлох одамон ягон зарар надидаанд, вале аз даст додани шумораи зиёди чорвои хонагӣ ба сокинони маҳаллӣ зарари калони молиявӣ расонд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД