Sebiston new 2024 october
Даромади аз мубодилаи асъор ба даст омада ҳалол аст ё ҳаром?
784


Ман ба мубодилаи асъор машғулам. Масалан, ман риёли саудиро ба риёли судонӣ ё доллар иваз мекунам ва аз фарқияти он фоида ба даст меорам.

Оё ин рибо аст?

Саидҷаъфар, тоҷики муҳоҷир, аз Дубай.

Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ
Мубодилаи пули як кишвар ба пули кишвари дигар ҷоиз аст, гарчанде ки арзиши онҳо аз якдигар фарқ кунад, зеро ҷинси онҳо гуногун аст. Чуноне ки дар савол мисоли он зикр шуд, вале ба шарте ки мубодила дар як нишаст анҷом дода шавад. Гирифтани чек ё коғази интиқоли маблағ ҳукми мубодила дар як нишастро дорад. Шумо агар ин корро дар доираи адолат анҷом диҳед, ишколе надорад. Вале агар дар вақти муомила ғиромбозӣ кунед ва фоидаи бештар ба даст оварданӣ шуда, фиреб диҳед, он пул ба шумо ҳаром аст. Тавфиқ аз ҷониби Аллоҳ аст ва Худованд ба шумо илоҳо тавфиқ бидиҳад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД