Ба имдодгарони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лозим омадааст дари як хонаеро боз кунанд, ки сокини он аз ҳуш рафтаву ба садоҳои беруниён посух намедод.
Бино ба иттилои КҲФ, соати 9-и субҳи рӯзи 29-уми сентябри соли равон нозири минтақавии милитсияи ноҳияи Сино-1 ба қисми навбатдории КҲФ занг зада, хабар додааст, ки дар бинои бисёрошёнаи 37/1 воқеъ дар хиёбони Саъдии Шерозӣ сокинону ҳамсоягон аз он дар изтиробу ташвишанд, ки ҳамсояи боло манзили онҳоро зери об кардааст, вале на ба зангҳои телефонӣ посух медиҳад ва на ба даркӯбии ҳамсояҳо.
Имдодгарон ба ҷойи ҳодиса расида, бо таҷҳизоти махсус дарро боз кардаанд. Ва чун вориди хона шудаанд, занеро дидаанд, ки дар фарш беҳуш хобидаааст. Ин зан иҷорашин буда, 49 сол доштааст.
Наҷотдиҳандагон занро ба дастаи духтурони мошини Ёрии таъҷилӣ супурдаанд.