Дирӯз тахминан соатҳои 12:30 қалби Шамсиддин Ғафуров падари сарояндаи ҷавонмарги тоҷик Баҳром Ғафурӣ аз тапидан боз монд.
Ба иттилои хешовандон, ӯ гирифтори ҳеҷ беморӣ набуда, баъди таҳорати намози пешин, дар хонаи худ, бо марги табиӣ дунёро падруд гуфт.
Ӯ 74 сол дошт ва имрӯз ҷанозаи ӯ дар масҷиди Ҳазрати Мавлоно баргузор гашт. Шамсиддин Ғафуровро дар канори писараш ба хок супорида шуд.
Ёдовар мешавем, ки худи сарояндаи номдор субҳи 7 августи соли 2020 дар синни 44 – солагӣ бар асари як садами нақлиётӣ даргузашта буд.
Аз идора: Ҳамдардии амиқи худро ба аҳли хонаводаи Ғафуровҳо мерасонем ва баҳри эшон аз даргоҳи Яздони пок сабри ҷамилро хоҳонем.