formula feb 2025
Дарди ишқи бачаи камбағал
28.01.2025
ОИЛА.ТҶ
1101

Салом! Бисёриҳо гумон мекунанд, ки ишқ барои мардон танҳо як дилхушӣ ё бозӣ аст ва касеро содиқона дӯст дошта наметавонанд, аммо дар асл мо мардҳо ҳам аз шикасти ишқи худ на камтар аз бонувон ранҷ мебарему азият мекашем. Барои исботи гуфтаҳоям қиссаи ишқи авваламро ба шумо нақл кардан мехоҳам, ки то ба имрӯз ҳамчун як захми носур дар қалби ман боқӣ мондааст.

Солҳои ҷавонӣ Азиза ном духтараки ҳамдеҳаамонро бо тамоми вуҷудам дӯст медоштам. Вай дар як оилаи хеле бообрӯ ба воя расида, ба қавле “меваи шохи баланд” буд, аммо худаш табиатан бисёр духтараки хоксору меҳрубон буд. Маро ҳусну ҷамоли худодод ва одобу ахлоқи ҳамидаи духтар волаю шайдояш гардонида буд. Аввалҳо Азиза маро нодида мегирифт, вале баъд оташи ишқ дар дили ӯ ҳам шуъла зада, муҳаббати мани камбағалро қабул кард. Мо - ду дилдода дар дил садҳо орзую ҳавасҳои ширин мепарвардием, вале вақте ба умед ба хонаашон хостгор фиристодам, падару модараш ошкоро “ҳар кас бояд пояшро баробари кӯрпааш дароз кунад, мо духтарамонро ба кадом як сағерабачае, ки аслу насабаш маълум нест, ҳаргиз ба шавҳар намедиҳем” гӯён, хостгориро рад намуданд ва ба дилам гӯё корд заданд.

Хуллас, барои ишқам хеле мубориза бурда бошам ҳам, ягон мурод ҳосил нашуд. Волидони духтар ба издивоҷи мо розӣ нашуданд ва барои тезтар аз ошиқи шилқин халос шудан Азизаро ба писари кадом як мансабдор ба шавҳар доданд. Нописандии онҳо маро сари нангу номус овард ва қарор додам, ки бо кадом роҳе набошад, мавқеи худро дар ҳаёт пайдо намуда ба қатори одамони сарватманд ва бообрӯ медароям. Бо ҳамин мақсад барои таҳсил ба Русия рафтам. Шукри худо имрӯз соҳиби касбу кори хуб ҳастам, бар замми ин, бо тиҷорат машғулам ва даромадам бад нест. Акнун мани як замон “сағераи почаканда” соҳиби хонаю дари боҳашаммат, мошини хориҷӣ ва давлату сарват гаштааму бисёриҳо орзуи бо банда ҳамнишин шуданро доранд. Ҳамсарам дар ҳусну ҷамол аз Азиза монданӣ надорад, шукри худо 3 писари паҳлавон дорам, вале дарди ишқи аввал то ҳол дар дилам ҳамчун як захми хуншор боқӣ мондааст. Шавҳари Азиза дар болояш чанд зани дигар гирифта, дар зиндагӣ бисёр ранҷу азобаш дод. Ҳамин дарду аламҳо ӯро бармаҳал пир кардаанд. Ҳарчанд мо дигар ягон муносибат надорем, дилам ба ҳолаш месӯзад. Худ ба худ фикр мекунам, ки агар дар вақташ падару модари духтар худпарастӣ карда, монеи ишқу муҳаббати мо намегаштанд, шояд Азиза имрӯз хушбахттарин зани ҷаҳон мешуд, вале афсӯс, ки аксар вақт одамон бо дасти худашон ба решаи бахти фарзандонашон табар мезананд...

С. Д.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД