Салом ба тамоми муштариёни сомонаи "Оила". Ман як зани бетақдири солҳои сол дар ҳасрати фарзанд сӯхтаву ҷигаркабоб гашта мехоҳам қиссаи пурдарди зиндагиамро ба шумо нақл карда, маслиҳат бипурсам. Ману шавҳарам ҳанӯз замони донишҷӯӣ ҳамдигарро дӯст дошта, бо садҳо умеду орзуҳои ширин риштаи тақдирамонро бо ҳам пайвастем.
Азбаски ман аз оилаи камбалағу шавҳарам бойбача аст, волидонаш ба издивоҷи мо розӣ набуданд, вале Фарҳод ба мисли Фарҳоди кӯҳкан ба муқобили пайвандонаш сахт мубориза бурда, билохира падару модарашро розӣ кард, ки ба хонаи мо хостгорӣ омада, маро бо обрӯ, яъне бо риояи тамоми расму русум ва тӯйи бодабдаба келин карда баранд.
Пас аз тӯй худро хушбахттарин зани дунё эҳсос мекардам. Шавҳарам мудом дар гирдам парвона буд ва намегузошт, ки касе аз аҳли хонавода сухани ноҷое зада, дили маро озурда созад.
Хурсанд будам, ки ниҳоят баъди муборизаҳои зиёд ба васли ёри дилхоҳам расидам ва як умр ҳаёти ширин ба сар мебарам, аммо хаёлам хом баромад. Қасд кардагӣ барин нахи умри ман ҳеҷ бор намеовард.
Аввалҳо шавҳарам парво надошт ва мудом “ғам нахӯр занакҷон, ману ту ҳанӯз хеле ҷавонем, камтар барои худамон зиндагӣ кунем, охир бача гурехта намеравад” мегуфт, вале баъди 5-6 сол ӯ ҳам ба ташвиш афтида, бо ҳидояти падару модар ва пайвандонаш маро назди духтурҳо мебурдагӣ шуд.
Хулласи калом, хусуру хушдоманам маро чандон дӯст надоранд ҳам, хотири писарашон маблағи зиёдеро сарф намуда, дар ба дари табибу муллою духтурҳои таърифӣ мегардонданд, вале касею чизе ба мо кӯмак накард.
Духтурҳо мегуфтанд, ки на ман ва на шавҳарам ягон айб надорем, агар ҷудо шуда, дубора оилаҳои нав барпо намоем, ҳардуямон ҳам кӯдакдор мешавем, вале ҷудо шудан аз ҳамсарам бароям аз марг ҳам душвортар менамуд.
Ҳамин тавр солҳо турнасон гузашта аз тӯйи арӯсиамон 10 сол сипарӣ шуд ва косаи сабри шавҳарам лабрез гашта, хоҳиш кард, ки розӣ шавам ба хотири фарзанддор шудан зани дуюм бигирад. Ваъда дод, ки ман ва зани навашро як хел нигоҳубин мекунад ва намегузорад, ки аз ягон чиз танқисӣ кашам.
Аввал розӣ нашуда бошам ҳам, баъд бо оби дида пешниҳодрашро қабул кардам ва шавҳарам духтараки ҷавонеро ба никоҳаш даровард. Ҳамин тавр мани сарсахт бахтамро бо зани дигар тақсим карда, палонҷдор шудам.
Ростӣ шавҳарам марди сарватманд аст ва мисли пештара маро хуб нигоҳубин мекунад, вале баъди он ки кундошам ҳомиладор шуд, модарам ба ҷону ҳолам намонда, маро ба хонаи худашон оварданд.
Пайвандонам мегӯянд, ки шавҳарат дар болои ту зани дуюм гирифт ва ба зудӣ бачадор мешавад, ту ҳам ҷудо шуда, шавҳари нав кун, шояд бахт ба рӯят хандида, бо инояти Худованди меҳрубон фарзанддор шавӣ. Шавҳарамро дӯст медорам гӯям, модарам маро сарзаниш карда мегӯянд, ки меҳрубониҳои шӯят муввафқатӣ аст, зани наваш ду-се фарзанд зояд, вай туро аз дар берун мекунад ва дар дами пирӣ дар кӯча мемонӣ.
Як моҳ боз дар хонаи модарам ҳастам. Шавҳарам рӯздармиён занг зада, тезтар ба хона баргард мегӯяд, вале модарам барои рафтан иҷозат намедиҳад.
Пайвандонам мехоҳанд, ки ман аз шавҳарам талоқамро калаб карда, ба ягон марди дигар ба шавҳар бароям ва бахтамро санҷам, вале дилам намешавад, ки ин сухани тақдирсӯзро ба забон оварда ба ҷавонмарди зебою меҳрубоне, ки чашм кушода дидаам ва аз ҷонам бештар дӯсташ медорам “талоқи маро бидеҳ” гӯям. Хулоса, сарҳисоби зиндагиамро тамоман гум кардаам. Илтимос, маслиҳатам диҳед, чи кор кунам?
Хотири фарзанд аз баҳри ишқам гузашта, аз шавҳарам ҷудо шавам ва риштаи тақдирамро бо ягон марди дигар, ки аслан чи гуна инсон буданашро намедонам, намешиносам ё ҳарчи бодо бод гуфта, умрамро бе фарзанд гузаронам?
Рухсора аз н. Рӯдакӣ