Қисмати бригадир
Гапам зиёд шуд. Гап дар бораи дуои бад буд-ку! Ростӣ гап, чанд рўз дуои бади бригадир нисбати фарзандам дар гӯшам такрор ба такрор садо медоду дилам меларзид. Пагоҳи он рўз писари бригадир бо мототсикл ба садама дучор шуд. Ман дар дашт будам, инро колхозчиён ба ман расониданд. Мефаҳмӣ?
Одами бадзабонро забонаш сарашро мехӯрад. Раҳматӣ бригадир одами кордон буду аммо тундгӯ, бемулоҳиза гап мезад. На зан мегуфту на хурду калон дашноми қабеҳ ҳамеша аз забонаш меборид. Нисбати дилхоҳ одам носазо мегуфт. Медонӣ, охири кор чӣ шуд? Ҳама бадкирдориву носазогӯиҳояш нисбати занону кӯдакони мардум ба сари оилаи худаш омад! Худаш дар дами пирӣ ба ҳоҷатхона афтод. Мардум гуфтанд, ки бадзабон ҷазои сазоворашро гирифт. Аммо чаҳордаҳ сол аз дарди бедармон рӯи бистар якҷоя хобида, ниҳоят мурд.
Забонро эҳтиёт кун! Қасам махӯр! Фаҳмидӣ?
Сабаби арақхӯрӣ
Ту шояд гумон кунӣ, ки ин муйсафеди арақхӯр чиҳо мегӯяд? Аз ман чӣ мехоҳад? Майхорагии ман сабаб дорад. Ҷигари ман пора аст. Дилам реш.
Солҳои ҷанги шаҳрвандии 90 пайдарҳам ду писарамро аз даст додам. Якеашро дар пеши чашмам паррониданд. Ҳатто намедонам кӣ? Чаро паррониданд писари навҷавонамро. Пас аз ин занам бемор шуд. То соли гузашта фалаҷ рӯйи бистар мехобид. Аз короновирус гузашт. Солҳо азият кашидани ӯро дидаму сӯхтам...
Ана барои чӣ ман арақ мехӯрам? Ман дардамро фаромӯш кардан мехоҳам. Вале ин арақи сабилмонда дарди маро зиёд мекунаду кам не. Ҷигарам месӯзад. Мурдаҳо дар назарам зинда мешаванд. Вагарна дар ин синну сол арақхӯрии ман чӣ маънӣ дорад? Ман ба касе бадӣ накардаам. Ба касе коре ҳам надорам, фақат арақ мехӯрам.
Мошенник кист?
Шунидӣ? Соҳиби қаҳвахона маро мошенник гуфт. Дирӯз пулам набуд, бо пули насия арақ хӯрдам. Аз писарам ба ҷои бист сомонӣ, 30 сомонӣ рӯёнида гирифтааст. Омада, ба боқимондааш боз арақ хӯрдам. Акнун ту ба ман бигӯй, ки ман "мошенник" ё соҳиби қаҳвахона? Ана ба ҳамин дӯконҳо сар халон, дар дилхоҳ ҷо туро фиреб медиҳанд! Ҳо, исто, ту ба дигар шаҳру кишварҳо ҳам шояд рафта бошӣ. Дар он ҷойҳо ҳам мардум ба чашми якдигар ҳаминхел хок мепошанд? Чаро фиребгарӣ дар мо авҷ дорад? Ту мефаҳмӣ?
Дирӯз писарам пеши як табиби номӣ бурд, то майхорагии маро табобат кунад. Як қабза пулро гирифта, бар ивазаш чанд халта гиёҳро ба мо дод. Ба хона оварда бинам, аз алафҳои худомон аст. О вай гуфт, ки аз кӯҳҳои Бадахшон гиёҳро ҷамъоварӣ кардааст. О, ин рустаниҳо дар лаби ҷӯйбори мо ҳам мерӯяд-ку!
Боз медонӣ, реклом карда, мегӯянд, ки шитобед, табиб ҳамагӣ ду рӯз дар Тоҷикистон асту сипас ба Маскав меравад. Баъди чаҳор рӯзи шунидани эълон рафтам, табиб ба Маскав нарафтааст. Як моҳ гузашт, табибро дар бозор дидам, Маскав нарафтааст! Дурӯғ чӣ лозим? Чаро фиреб медиҳем якдигарро? Акнун ту бигӯй, ки чаро он табиби номдорро неву маро "мошенник" мегӯяд? Ҳамон ду нафаре, ки маро дида, зуд аз харак хеста рафтанд, ҳамсояҳои ман мебошанд. Аввалӣ келини бесарпаноҳ ва набераҳои ятимашро ба азобу машаққат дучор кардааст. Онҳо аз дасти ин беинсоф дар иҷора зистанро авло дониста, баромада рафтанд! Ту ба ман гӯй, ки акнун бо ин аҳволам мани арақхӯр шарм дорам ё ӯ?
Дуюмин, ҳамроҳи вай ҳоҷӣ аст. Баробари аз Ҳаҷ баргаштан сираш фош шуд. Дар вақти сардори маҳалла будан чанд миқдор пулҳои мардум ва хайроти ҷамъшударо ба кисса зада будааст.
О, канӣ, ба ман бигӯй, беимон манам ё вай?
Дуруст, ки ман арақхӯрам, аммо ба касе зарар намерасонам! Як насиҳати охирин мекунам: Асло арақ манӯш! Ман пушаймонам, аммо наметавонам дигар. Барои ҳамин шумо, ҷавонон одат макунед, ба он! Вассалом!