Дарди дили муҳоҷири дузана
27.11.2025
Oila.tj
137

Ман муҳоҷирам. Нони меёфтаам аз ҳисоби Русия аст. Дар як завод кор мекунам. Дар манзили София ном зане ду сол иҷоранишин будам ва соҳибхоназан бо ширинзабониву хушмуомилагияш дар дилам ҷой шуду якдигарро дӯст дошта хонадор шудем.

Росташро гӯям, аввалҳо зан гирифтанамро аз падару модар ва ҳамсарам пинҳон медоштам, вале баъдан бародаронамро ҳамроҳи худ ба Русия овардаму сирам фош шуд. Ҳамсарам сахт ранҷид, ки дар болояш зан гирифтам, вале чун фаҳмид, ки аз маҷбурӣ издивоҷ кардааму агар ҳамин зан набошад, ҳоли ман дар мулки бегона зор мешавад, ночор ба тақдираш тан дод.  Ҳар моҳ як тинашро сарф накарда, тамоми маошамро ба хона мефиристодам, то дили занам гарм шаваду қаҳр карда ба хонаи волидонаш наравад.

Аз зани русам Катя ном духтарча дорам. Ҳар бори ба Тоҷикистон сафар карданам зорӣ мекард, ки ӯро ҳамроҳам барам. Дили кӯдак  наранҷад гуфта соли гузашта ӯро бо худ ба Ватан овардам. Аз ҳамсари аввалаам як писару ду духтарча дорам. Духтаронам бо Катя зуд унс гирифтанд, забони ҳамдигарро нафаҳманд ҳам, дугона шуданд, вале писарам ҳеҷ хоҳари ӯгаяшро қабул  карда натавонист. Чашми маро, ки хато кард, аз мӯйи сараш кашолакунон Катяро мезад ва доду фиғонашро мебаровард. Чанд бор ӯро сахт ҷанг кардам, ки чаро хоҳаракашро мезанад, дар ҷавоб «очаи ин шуморо аз мо ҷудо кард, то кай мо бе  падар мегардем?!» гӯён қошу қавоқ меандохт.

Рӯзе ки ба Русия парвоз мекардам, писарам дарро аз дарун маҳкам карда ба гусели ман набаромад. Дилам хиҷил шуд. Модараш «кӯдак аст, калонтар шавад, ақлаш медарояду дигар ин корҳоро намекунад» гӯён, маро тасаллӣ дода бо чеҳраи кушода гуселам намуд, вале то ҳол симои норозии писарам аз пеши назарам дур намешавад.

Катя мегӯяд, ки дигар ҳеҷ гоҳ ба Тоҷикистон намеравам. Вай аз бародараш қадди аҷал метарсад, зеро писарам таҳдид кардааст, ки агар як бори дигар ба Тоҷикистон биёяд, ӯро бӯғӣ карда мекушад. Ростӣ, худамро дар назди фарзандам гунаҳкор эҳсос мекунам, вале наметавонам аз баҳри зани русам гузарам, чунки аз ӯ низ насл дорам ва духтарам Катя маро баробари ҷонаш дӯст медорад. Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?

Д., аз ш. Москва

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД