Бросимум ё дарахти гов як навъ аз оилаи тут буда, дар Амрикои Марказӣ ва Ҷанубӣ, инчунин Осиё месабзад. Баландиаш ба 30 метр ва диаметраш ба як метр мерасад.
Меваҳои он, ки бо пӯсти зичи сурхранг фаро гирифта шудаанд, ба себ шабоҳат доранд, аммо хӯрдани онҳо барои одамон ғайриимкон аст, зеро маззааш хеле талх аст.
Шири он бомазза, хушбӯй ва серғизо буда, таъмаш ба шири гов шабоҳат дорад. Дар айни замон, консентратсияи он ба қаймоқ наздиктар аст - ғафс ва равғанӣ.
Сокинони маҳаллӣ онро фаъолона ҷамъоварӣ намуда, барои ғизо истифода мебаранд. Онҳо ҳатто аз шираш панир месозанд. Аз як дарахт дар ним соат 1,5-2 литр шир ҷамъ кардан мумкин аст.
Инчунин, баръакси шири ҳайвонот, шири ин дарахт турш намешавад ва дар давоми як ҳафта дар гармо вайрон намешавад. Агар онро ҷӯшонед, дар рӯи он плёнкаи мум пайдо мешавад, ки аз он шамъ сохтан мумкин аст.