Ду рӯз қабл дар ҷамоати деҳоти Хонақоҳи кӯҳӣ, аниқтараш дар дараи Алмосии шаҳри Ҳисор як наварӯси нозанин бо исми Фарзона аз олам даргузашт. Марги арӯсак дар шаби никоҳ сурат гирифта, субҳи рӯзи дигар бояд Фарзонаро бо бо либоси арӯсӣ ва шодиву рақсу бозӣ ба хонаи бахташ гусел мекарданд, аммо...
Шоҳидон мегӯянд, он рӯз ханда дар лабони арӯсак гул карда буд ва хурсандиаш ҳаду канор надошт.
Фарзона баъди гузаштани маъракаи никоҳ, либосҳои арӯсияшро дар сандуқ ҷой карда, аз модараш хоҳиш намудааст, ки субҳи барвақт ӯро аз хоб бедор кунад, то ба кошонаи ҳусн рафта, то омадани домод худро орову торо диҳад.
Ҳамин тавр арӯсак бо лабони пурханда ба бистари хобаш медарояд. Азбаски он рӯз ташвишу давдавиҳои зиёде доштанд, ба зудӣ хоб бар аҳли хонадон ғолиб омад.
Субҳгоҳон модар бо ҳазорон умеду орзу хост духтари зебояшро аз хоби ноз бедор кунад, вале ба утоқи хоби Фарзона даромада, ҳуш аз сараш парид. Фарзонаи гуларӯс дар ҷойгаҳи хобаш ҷон ба ҷонофарин супурда, дасту пояш мисли барфи зимистон ях гашта буд.
Фиғони модар ва пайвандони арӯсак ба фалак печида, тӯйхона дар як лаҳза мотамсаро гашт.
Одамон ғофил аз ин фоҷиаи ҷигарсӯз ба оши наҳор меомаданд ва бо шунидани хабари марги арӯсак ашк аз дидагнашон ҷорӣ мешуд.
Домоди пурорзу бехабар аз ин фоҷиаи тақдирсӯз шоду масрур ҳамраҳи корвони мошинҳои қиматбаҳо ба роҳ баромада буд, то арӯси нозанинашро ба манзили бахт барад, вале ҳанӯз ба тӯйхона нарасида, хабари марги гуларӯс ба гӯшаш расид.
Бо шунидани ин шумхабар замину замон дар назари домоди бахтбаргашта тираву тор гашт...
Хешу ақрабояш мегӯянд, Фарзона ягон беморӣ надошт ва ҳеҷ гоҳ аз дарде шикоят накардааст. Сабаби марги арӯсак маълум нест ва касе намедонад, ки чаро ин арӯси нозанин дар шаби тӯяш олами бевафоро абадан тарк гуфт.
Эҳтимол қаламкаши қисмат дар тақдири Фарзона чунин фарҷоми талхро аз азал ҳаккокӣ карда бошад, вале андешаи дигаре низ ҷой дорад, ки арӯсу домодро пас аз никоҳ набояд танҳо гузошт, зеро ҳангоми чиллаи арӯсӣ қуваҳҳои ноаён метавонанд ҳам ба домод ва ҳам ба арӯс зиёни хешро бирасонанд.