Дар як сол ба Тоҷикистон беш аз 63 ҳазор мошини сабукрав ворид гаштааст
34

Дар давоми як соли охир ба Тоҷикистон 63 ҳазору 961 мошини сабукрав ба маблағи 684,9 млн доллари ИМА ворид гаштааст, ки нисбат ба соли 2024 ин адад 16 ҳазору 667 адад зиёд мебошад.

Дар ин бора сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон Хуршед Каримзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода, гуфт: “Вақте барои нобудсозии мошинҳо супурдани маблағ ҷорӣ шуд, аксарият ҳадс мезаданд, ки дигар ба Тоҷикистон мошин ворид карда намешавад, вале соли 2025 шумораи мошинҳои сабукрави ба кишвар воридшуда ба 63 ҳазору 961 адад расид, ки нисбат ба соли 2024-ум 16 ҳазору 600 мошин бештар аст”.

Бо сабаби сол то сол зиёд шудани шумораи мошинҳо солҳои охир ҳаракат дар роҳҳои кишварамон, масусан дар пойтахт душвор гашта, аксарият аз танбашавии роҳ шикоят мекунанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД