Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд дар деҳаи баландкӯҳи Ворухи шаҳри Исфара шуъбаи таваллудхона мавриди истифода дода шуд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, дар маросими ифтитоҳи расмии иншооти тозабунёд муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҳабибулло Хайруллозода, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара Шарифҷон Ҷумъазода, кормандони соҳаи тандурустии шаҳр ва сокинони деҳа иштирок доштанд.
Тавре иттилоъ дода шуд, шуъбаи таваллудхонаи мазкур барои 20 кат пешбинӣ шуда, дорои қабулгоҳ, ду ҳуҷраи зоиш, чор ҳуҷраи баъди таваллуд, амалиётхона барои чарроҳиҳо, ҳуҷраи ултрасадо ва колпоскопия мебошад. Ҳамчунин дар шуъба ҳуҷраҳои ёрирасон барои нигоҳдории доруворӣ ва таҷҳизоти зарурӣ мавҷуданд.
Дар таваллудхона 12 нафар кормандон фаъолият доранд, ки аз онҳо як нафар табиби акушер-гинеколог, ҳафт нафар момодоя, се нафар ҳамшираи хурд ва як нафар корманди ғайритиббӣ мебошанд.
Ҳамзамон, муассисаи навбунёди тандурустӣ бо таҷҳизоти зарурии тиббӣ таъмин буда, дар он имкониятҳои зарурӣ барои расонидани кумаки тиббӣ ба модарон ва навзодон фароҳам оварда шудааст.