Субҳи 22-юми феврал дар минтақаи Дарвози ВМКБ заминларза рух дод. Дар ин бора чанд лаҳза қабл Маркази ҷумҳуриявии мониторинги пешгӯии сейсмикии Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ӯзбекистон иттилоъ дод.
"Ба байни ин ниҳод, шиддати заминларза 3,7 баллро ташкил дода, манбаи он дар умқи 80 километр будааст".
Ёдовар мешавем, ки чанд рӯз қабл бар асари боришоти зиёди барф дар миқёси вилоят ҳудуди 100 адад тармаҳои хурду бузург фаромада, хисороти зиёди ҷонию молӣ оварда буданд.