Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд зеристгоҳи барқии 110/35/10 кВ-и «Ёва» ба истифода дода мешавад.
Тибқи иттилоъи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, айни замон корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти энергетикӣ дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор доранд. Бо мавриди истифода қарор гирифтани иншооти мазкур сарбории зеристгоҳҳои амалкунанда коҳиш ёфта, имконияти техникии шабакаҳои барқӣ васеъ мегардад. Бунёди зеристгоҳи нави барқӣ барои беҳтар намудани таъминоти неруи барқ ба аҳолӣ, корхонаҳои саноатӣ ва дигар иншооти иҷтимоию иқтисодии минтақа ва коҳиш додани талафот шароити мусоид фароҳам меорад.