goodwell
Дар вилояти Суғд сохтмони роҳи нави оҳан ба нақша гирифта шудааст
30.06.2026
Oila.tj
91

Дар вилояти Суғд сохтмони роҳи нави оҳан ба нақша гирифта шудааст, ки шаҳрҳои Истаравшан ва Истиқлолро бо ноҳияи Спитамен мепайвандад.

Бино ба иттилои Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, ин тарҳ дар мулоқоти раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҳайати мутахассисони чинӣ баррасӣ шудааст.

Тибқи маълумоти мақомоти вилоят, дар доираи лоиҳа сохтмони 171 километр роҳи оҳан пешбинӣ гардида, ҳоло асосноккунии техникӣ-иқтисодии он мавриди омӯзиш қарор дорад.

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ки айни замон дар Тоҷикистон тарҳрезӣ ва сохтмони роҳҳои нави мошингард, роҳҳои оҳан ва марказҳои логистикӣ идома дорад. Дар маҷмуъ, тарҳрезии 573 километр роҳи автомобилгард ва 71 километр роҳи оҳан дар назар аст.

Ҳамчунин, гуфтушунид бо шарикони рушд барои ҷалби сармоягузорӣ ҷиҳати сохтмони 327 километр роҳ, бунёди марказҳои логистикӣ ва хариди техникаву таҷҳизоти нигоҳдории роҳҳо идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД