Sebiston new 2024 october
Дар вилояти Москва барои муҳоҷирон хобгоҳҳои махсус месозанд
792

Дар атрофи пойтахти Россия барои муҳоҷирони меҳнатӣ маҳаллаҳои махсуси муҳоҷирнишин бунёд карданиянд. Дар ин бора “Московская Газета” хабар додааст.

Вилояти Маскав яке аз аввалин минтақаҳои Россия хоҳад гашт, ки дар он ҷо барои муҳоҷирони меҳнатӣ хобгоҳҳои махсус бунёд мегарданд. Масъулини ҳукумати маҳаллӣ аллакай масъалаи сохтани хобгоҳҳои махсусро барои муҳоҷирони меҳнатӣ бо роҳбарони корхонаҳои калон ва намояндагони мақомоти қудратӣ муҳокима намуда, ҳамаи ҷонибҳо ин идеяро дастгирӣ кардаанд.

Коршиноси масоили муҳоҷират Вадим Коженов дар суҳбат бо журналистон гуфтааст, ки идеяи сохтани хобгоҳҳои махсусро барои муҳоҷирони меҳнатӣ аз губернатори Вилояти Маскав Воробьёв сар карда, то роҳбарони тамоми зерсохторҳои минтақа ҳама бо як овоз дастгирӣ намуданд.

Корфармоён ӯҳдадор карда шудаанд, ки барои кормандони хориҷиашон дар наздикии корхонаҳои худ хобгоҳҳои махсус бунёд намоянд. Корхонаҳои хурд чунин имкониятро надоранд, вале ширкатҳои сохтмонӣ ва дигар корхонаҳои калони минтақа, ки шумораи зиёди муҳоҷирони меҳнатиро ба кор мегиранд, акнун вазифадоранд, ки барои кормандонашон хобгоҳҳои махсус созанд.
Албатта хобгоҳҳои муҳоҷирон мисли меҳмонхонаи панҷситорадор шоҳона бунёд намешаванд, вале дар онҳо шароитҳои лозима барои зисту зиндагии муҳоҷирон фароҳам оварда мешавад.

Манбаъ навиштааст, ки ҳадаф аз бунёди чунин хобгоҳҳо зери назорат гирифтани шаҳрвандони хориҷӣ ва пешгирӣ намудани ҷинояту ҷинояткорӣ дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ мебошад.

Бунёди чунин хобгоҳҳо ҳам барои муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҳам барои корфармоён муфид аст. Муҳоҷирон минбаъд барои расидан ба ҷойи кор пул ва вақти зиёдеро сарф намекунанд, корфармоён бошад, дар бадали 2-3 сол маблағи харҷкардаи худро мебароранд ва биноҳои сохтаашон дар фоида мемонад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД