Commerc banl
Дар Вазорати маориф ва илм Рӯзи модар таҷлил гардид
06.03.2026
Oila.tj
140

Дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи модар ҳамоиши идона баргузор гардид. Дар ҳамоиш вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, муовинони вазири маориф ва илм, занону бонувони собиқадори соҳаи маориф ва раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат иштирок намуданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати маориф ва илм, вазир занону бонувони собиқадори соҳа ва кормандони дастгоҳи марказиро ба муносибати Рӯзи модар самимона табрик намуда, ба ҳар яки онҳо саломатии бардавом, хушбахтии ҷовидонӣ, рӯзгори пурфайзу баракат, хонадони ободу осуда ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно кардааст.

Ҳамзамон, ӯ қайд намудааст, ки модар рамзи меҳру муҳаббати бекарон, вафодорию садоқати беназир ва ҳусну таровати ҷовидонӣ буда, ҳаёти ҳар як фард аз домани поки ӯ оғоз ёфта, ситоиши модар чун меҳру муҳаббати ӯ интиҳо надорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД