Дар ноҳияи Варзоб фоҷиаи оилавӣ сар зада, зане шавҳарашро кордборон намудааст. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии кишвар хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, ин ҳодисаи нохуш рӯзи чоршанбе, 28-уми август, тахминан соатҳои 12:00-и нисфирӯзӣ сар зада, байни зану шавҳар дар манзили истиқоматиашон баҳсу мунозира ба миён омадааст. Дар рафти моҷарои оилавӣ ин зани 33-солаи сокини ноҳияи Варзоб бо корди хоҷагӣ ба шавҳари 36-солааш ҳамла карда, ба узвҳои ҳаётан муҳими мард чанд корд задааст.
Дар натиҷа, шавҳараш ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаридааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.