Дар ноҳияи Варзоб як ҷавони 26-сола ба оташзании автомашинаи падараш гумонбар дониста мешавад. Дар ин бора ВКД гузориш додааст.
Дар гузориш гуфта мешавад, ки Сафаров Маҳмадшариф Мухторович, сокини ҷамоати Чорбоғ ба милитсия муроҷиат карда, гуфтааст, ки шахси номаълуме мошини ӯ - тамғаи Toyota Camry-ро дар ҳавлии хонааш оташ задааст.
Дар ҷарааёни чорабиниҳои фаврӣ гумонбари ин амал боздошт шуд, ки писари ӯ, Гулов Сорбон Шарифовичи 26-сола, сокини шаҳри Леваканти вилояти Хатлон, будааст.
Гуфта мешавад, ки ин писар аз собиқ ҳамсари ҷабрдида будааст. Сабаби оташзанӣ норозигии писар будааст, зеро падараш ба ваъдаи харидани мошин ба ӯ вафо накарда, бо оташзании мошин писараш аз ӯ қасос гирифтан мехостааст.
Ба иттилои ВКД, ҳарчанд автомашина пурра насӯхтааст, вале зарари расида 11,6 ҳазор сомониро ташкил додааст.
Нисбати Гулов мутобиқи моддаи 255 Кодекси ҷиноятӣ (“Қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк бо роҳи оташ задан”) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст. Дар ин модда ҷарима дар ҳаҷми аз 365 то 912 нишондиҳанда барои ҳисоб (1 нишондиҳанда - 72 сомонӣ) ё ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 2 то 5 сол пешбинӣ шудааст.