arzon replenishment
Дар Варзоб навраси 7 соларо корча заданд
1683

Кормандони милитсия ноболиғи 17 соларо дар ноҳияи Варзоб, ки дар қатли як ноболиғи ҳамдеҳаи худ гумонбар дониста мешавад, дастгир намуданд.

Бино бар иттилои дафтари матбуои вазорати умури дохилаи Тоҷикистон кормандони милитсияи ноҳияи Варзоб ноболиғи 17-солаи сокини ҷамоати деҳоти Варзоб-қалъаи ноҳияи Варзобро, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карданд.

Тавре ВУД Тоҷикистон хабар додааст, ноболиғи 17-сола санаи 2-юми майи соли равон, дар ҳудуди деҳаашон бо сабаби дашном шунидан ва дастбагиребон шудан бо ноболиғи 17-солаи сокини ҷамоати деҳоти Варзоб-қалъаи ноҳияи мазкур, ҷангу ҷанҷол кардаааст. Дар натиҷаи ин нофаҳмӣ аз кисааш корд баровардаба шиками ҳамдеҳаи худ задааст, ки ҷабрдида дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Дар ҳоли ҳозир, кормандони милитсияи ноҳияи Варзоб аз рӯи ҳодисаи мазкур  тафтишотро идома доранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД