Наҷотдиҳандагони Раёсати хадамоти таъиноти махсусгардонидашудаи кофтуковӣ-наҷотдиҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар яке аз минтақаҳои кӯҳии ноҳияи Варзоб ҷасади шаҳрванди Федератсияи Русияро аз минтақаи душворгузари кӯҳӣ дарёфт намуда, ба наздикону пайвандон ва мақомоти дахлдор супоридаанд.
Бино ба иттилои КҲФ, ин шаҳрванди хориҷӣ бо мақсади саёҳат дар ин минтақаи кӯҳии кишвар сафар намуда, баъд аз корношоям гардидани таҷҳизоти пастпарвозкунандааш ба минтақаи душворгузар афтида, дар натиҷа дар ҷойи хавфноки кӯҳӣ ба ҳалокат мерасад.
Наҷотдиҳандагони Раёсати хадамоти таъиноти махсусгардонидашудаи кофтуковӣ-наҷотдиҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии сардори раёсат, полковник Қурбонзода Иззат, ба ин амалиёт сафарбар гардида, бо истифода аз таҷҳизоти кӯҳнавардӣ ҷасадро дарёфт намудаанд.