Arzon march 2024
Дар Ванҷ се сокин зери тарма мондаанд
21.11.2024
ОИЛА.ТҶ
463

Се сокини деҳаи Пишихарви ҷамоати деҳоти Водхуди ноҳияи Ванҷ зери тарма мондаанд, ки яке аз онҳо ҷони худро аз даст додааст.

КҲФ хабар дод, ки бино ба гузориши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ ин ҳодиса рӯзи 20-уми ноябри соли 2024, соати 09:00 дақиқа рух додааст.

Ин се сокини ноҳияи Ванҷ бо вуҷуди эълонҳо ва ҳушдорҳо аз паёмадҳои боришоти рӯзҳои ахир бо мақсади ҷамъоварии ҳезум ба кӯҳ рафтаанд. Ду нафари онҳо 44 сол дошта, як нафарашон 55-сола будааст.

Дар хабар гуфта шудааст, ки шаҳрванд Диловар Умаров, ки низ бо ҳамроҳонаш зери тарма монда буд, тавонист ҷонашро аз бало раҳонад ва фавран ҳамдеҳагонро аз ҳодиса огоҳ созад.

Сокинони деҳа шаҳрванд Алишер Ҷумъаевро, ки ҷароҳати сахт бардошта буд (пояш шикастааст), аз зери ғарами барф берун оварда, ба бемористони марказии ноҳия интиқол додаанд.

- Айни замон гурӯҳи зудамали наҷоти Раёсати КҲФ дар ВМКБ ба ҷойи ҳодиса сафарбар шудааст ва ҷустуҷӯи шахси сеюми зери тарма монда идома дорад,- меафзояд манбаъ.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД