Commerce bank may-june 2026
Дар Вахш мавсими таътили кӯдакону наврасон расман оғоз ёфт
18.06.2026
Oila.tj
131

Дар ноҳияи Вахш мавсими кушодашавии истироҳатгоҳҳои наздимактабӣ барои хонандагон дар давраи таътили тобистона расман оғоз гардид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати маориф ва илми кишвар, меҳмонон ва масъулин аз шароити муҳайёгардида дар истироҳатгоҳи наздимактабии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №56 ва Маркази таҳсилоти иловагии ноҳия аз наздик шинос шудаанд.

Роҳбарият ва масъулини соҳа зимни суҳбат бо кӯдакон ба онҳо таътили хотирмону босамар ва барори кор орзу намуда, таъкид доштаанд, ки барои истироҳати солими насли наврас тамоми шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД